Чориева ва Зулқарнаева медалҳои биринҷии Чемпионати Осиё оид ба боксро ба даст оварданд

Муштзанҳои тоҷик Мавзуна Чориева ва Шоира Зулқарнаева рӯзи 12 август дар даври ниманиҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба бокс миёни занон, ки дар шаҳри Уланчаби Чин ҷараён дорад, ноком шуданд. Ҳарду муштзани тоҷик, ки аз ҳаққи ширкат дар даври ниҳоӣ маҳрум гаштанд, имрӯз бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида мешаванд. Бино ба иттилои сомонаи расмии Кумитаи миллии олмипии […]

ASIA-Plus



Муштзанҳои тоҷик Мавзуна Чориева ва Шоира Зулқарнаева рӯзи 12 август дар даври ниманиҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба бокс миёни занон, ки дар шаҳри Уланчаби Чин ҷараён дорад, ноком шуданд. Ҳарду муштзани тоҷик, ки аз ҳаққи ширкат дар даври ниҳоӣ маҳрум гаштанд, имрӯз бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида мешаванд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Кумитаи миллии олмипии Тоҷикистон, Мавзуна Чориева, барандаи медалҳои биринҷии Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2012 дар Лондон ва чемпионати ҷаҳон, қаҳрамони Осиё дар соли 2010, дар рақобатҳо дар вазни зери 60 кило баъди ду пирӯзӣ бар рақибонаш аз Шри-Ланка ва Ӯзбекистон ба нимфинал баромад. Вале Мавзуна дар қувваозмоии ниманиҳоӣ аз муштзани Кореяи Шимолӣ мағлуб шуд.

Намояндаи дигари Тоҷикистон Шоира Зулқарнаева бошад, дар вазни зери 64 кило, ки дар даври муқаддамотӣ рақиби муғулашро шикаст дод, дар даври ниманиҳоӣ бо варзишгардухтари Чин рақобат кард.Шоира низ ба нокомӣ дучор шуда, ба финал баромада натавонист.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон чаҳор варзишгар – Дилафрӯз Зафарова (48 кг), Рухшона Раҳмонзода (54 кг), Мавзуна Чориева (60 кг), Шоира Зулқарнаева (64 кг) ва мураббиён Мирзо Шамсиеву Ҷамшед Султонов шомил буданд.

Зафарова ва Раҳмонзода, ки дар даврҳои муқаддамотӣ шикаст хӯрданд, аз ҳаққи идомаи мубориза барои медалҳо маҳрум шуданд.

Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии даври ниманиҳоӣ аз Чин 7 нафар, аз Кореяи Шимолӣ 5 нафар, аз Тайланду Узбакистон дунафарӣ, аз Ҳиндустон, Қазоқистон, Кореяи Ҷанубӣ ва Филиппин якнафарӣ ба финал баромаданд.

Қувваозмоиҳои ниҳоӣ имрӯз, 13 август, баргузор шуда, қаҳрамонҳои нави Осиё миёни занон маълум мегарданд.

Бояд гуфт, ки ин мусобиқаи қитъавӣ барои муштзанҳои Осиё як навъ имтиҳонест пеш аз чемпионати ҷаҳон миёни занон, ки моҳи феврали соли 2016 дар шаҳри Алмаотои Қазоқистон баргузор мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.