ҲХДТ барои бинокорони Роғун консерт барпо мекунад

Дар остонаи фарорасии ҷашни солгарди навбатии истиқлолияти ҷумҳурӣ нимаи аввали моҳи сентябр Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон барои бинокорони нерӯгоҳи барқи обии Роғун як консерти пуршукӯҳ барпо мекунад. Консерт мустақиман дар майдони сохтмон доир мегардад. Сухангӯи ҲХДТ Усмон Солеҳ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки айни замон корҳои тадорукотии марбут ба баргузории консерт, ҳайати […]

Аваз Юлдошев



Дар остонаи фарорасии ҷашни солгарди навбатии истиқлолияти ҷумҳурӣ нимаи аввали моҳи сентябр Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон барои бинокорони нерӯгоҳи барқи обии Роғун як консерти пуршукӯҳ барпо мекунад. Консерт мустақиман дар майдони сохтмон доир мегардад.

Сухангӯи ҲХДТ Усмон Солеҳ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки айни замон корҳои тадорукотии марбут ба баргузории консерт, ҳайати иштирокчиёни он ва барномаи консерт дар ҳоли мувофиқашавӣ қарор дорад.

«Ғайр аз ин, рӯзи консерт ҲХДТ барои бинокорони Роғун ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзиро баргузор карданист, ки дар он нархҳо нисбатан ба бозор хеле пасттар хоҳанд буд», – иброз дошт ӯ.

Хотиррасон шуд, ки ҲХДТ чандин сол қабл лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи Роғунро таҳти сарпарастӣ гирифтааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.