Бахшида ба таҷлили 24-умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ озмуни «Ронандаи намунавӣ» эълон мекунад.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, озмун санаи 7-уми сентябри соли 2015 дар Автодроми автоматикунонидашудаи ба номи А.Турсунов, воқеъ дар километри 7-уми кӯчаи С.Айнии шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Гуфта мешавад, озмуни мазкур барои ҷалби таваҷҷӯҳи аҳолии кишвар дар самти таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, таблиғи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, таҷрибаи бехатар идора кардани воситаи нақлиёт, такмили шаклу усулҳои таблиғот ҷиҳати пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт, баланд бардоштани малакаю маҳорати касбӣ ва маданияти ронандагон равон карда шудааст.
Дар озмун ронандагони хоҳишманди ҳама намуди воситаҳои нақлиёт, ки собиқаи ронандагиашон на камтар аз 3 сол мебошад, иштирок карда метавонанд ва воситаи нақлиётро тибқи асосҳои қонунӣ соҳибӣ менамоянд. Ҳамчунин он ронандагоне роҳ дода мешаванд, ки дар давоми 3 соли охир аз ҷониби онҳо қоидавайронкуниҳои дағали ҳаракат дар роҳ содир нагардида бошад.
Озмун дар се давр – мусобиқаи «Донандагони Қоидаи ҳаракат дар роҳ», рондани воситаи нақлиёт дар Автодром ва расонидани «Ёрии аввалияи тиббӣ ба ҷароҳатгирифтагони ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ» гузаронида мешавад.
Барои ғолибони озмун 10 ҷой бо мукофотҳои пулӣ муқаррар карда мешавад. Ҳамчунин иштирокчиёни фаъоли озмун бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ мегарданд.
Барои иштирок дар озмуни мазкур довталабон ба Раёсати БДА ВКД Тоҷикистон муроҷиат карда метавонанд.



