Пешниҳоди таъсиси иттифоқҳои касабаи алтернативӣ



Муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон, доктори улуми ҳуқуқшиносӣ Шокирҷон Ҳакимов таъсиси иттифоқҳои касабаи алтернативӣ дар кишварро пешниҳод мекунад.

Дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» ӯ изҳор намуд, ки қонунгузории ҷумҳурӣ таъсиси чунин иттифоқро манъ накардааст. «Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили амалкунанда аз замони соҳибистиқлол шудани кишвар, яъне тӯли қариб 24 соли ахир ҳимоят аз ҳуқуқ ва манфиатҳои меҳнаткашони кишварро қатъ кард ва ҳарчанд дар номи он калимаи «мустақил» вуҷуд дошта бошад ҳам, комилан аз ҳукуматдорон вобаста аст», – гуфт ӯ.

Сиёсатмадор бар ин назар аст, ки дар бозори меҳнати ҷумҳурӣ ба таври оммавӣ поймол шудани ҳуқуқи инсон ба мушоҳида мерасад. «Одамон тӯли солҳои зиёд ба рухсатӣ баромада наметавонанд, рӯзи кории онҳо меъёр надорад ва дар кишваре, ки аз тандурустиву маорифи бепули гаравдодашуда тибқи Конститутсия қариб чизе намондааст, иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон хомӯширо ихтиёр кардаанд», – мегӯяд Ҳакимов.

«Замоне, ки тайи ду соли ахир бо супориши ҳукуматдорон ба истилоҳ муоинаи такрории маъюбон гузаронида шуд,, ки барои бисёре аз онҳо таҳқиромез буд ва вақте нафақахӯронро дастаҷамъона ба музди нафақаи ночизе ба «истироҳат» мефиристанд, дар ин ҳолат ҳам иттифоқҳои касабаи мо хомӯширо авло медонанд», – таъкид дошт ӯ.

Ш.Ҳакимов бовар дорад, ки иттифоқҳи касабаи имрӯзаи Тоҷикистон бидуни дастуре аз боло ҳеҷ тасмиме гирифта наметавонанд. «Ҳарҷанд дар бахши ҳимоя аз ҳуқуқҳои коргарон нисбат ба президенту ҳукумат дар якҷоягӣ, мутобиқи меъёрҳои қонунгузорӣ онҳо аз ваколатҳои зиёдтар бархӯрдор ҳастанд», – афзуд муовини раиси ҲСДТ.

spot_imgspot_img

Популярное