Барқияи табрикии Э.Раҳмон ба президенти Қирғизистон



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни солгарди Рӯзи истиқлолияти Қирғизистон, ки санаи 31 август ҷашн гирифта мешавад, ба президенти ин кишвар Алмазбек Атамбоев барқияи табрикӣ ирсол намуд.

Бино ба иттилои намояндагии дипломатии Душанбе дар Бишкек, дар барқияи табрикӣ Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон мекунад, ки муносибатҳои анъанавии дӯстона миёни кишварҳо, ки аз таърихи чандинасра сарчашма мегиранд, минбаъд низ баҳри некӯаҳволии мардуми ҳарду давлат бемайлон рушд хоҳанд ёфт.

«Тоҷикистон ба робитаи зич ва созанда бо Қирғизистон, ки бар пояи ҳусни тафоҳум ва эътимод асос ёфтааст, омода буда,  барои густариши бемайлони ҳамкориҳои барои тарафайн судманд миёни кишварҳо аз тамоми имконоти зарурӣ истифода хоҳад кард», – омадааст дар барқияи сарвари давлати Тоҷикистон.

spot_imgspot_img

Популярное