СҶТ: Дар Осиёи Марказӣ сокинони Тоҷикистон аз ҳама камтар ба худкушӣ майл доранд

– Ҳамасола дар саросари ҷаҳон беш аз 800 ҳазор нафар ихтиёран ба худкушӣ даст мезананд, – гуфта мешавад дар гузориши Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ)  «Пешгирии худкушӣ» (Предотвращение самоубийств). Дар гузориш қайд мешавад, ки тайи солҳои ахир тамоили афзоиши шумори ҳодисаҳои худкушӣ миёни ҷавонони синни аз 15 то 25-сола ба мушоҳида мерасад. Сабабҳои аслии ба ин […]

Пайрав Чоршанбиев



– Ҳамасола дар саросари ҷаҳон беш аз 800 ҳазор нафар ихтиёран ба худкушӣ даст мезананд, – гуфта мешавад дар гузориши Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) 


«Пешгирии худкушӣ»


(Предотвращение самоубийств).

Дар гузориш қайд мешавад, ки тайи солҳои ахир тамоили афзоиши шумори ҳодисаҳои худкушӣ миёни ҷавонони синни аз 15 то 25-сола ба мушоҳида мерасад.

Сабабҳои аслии ба ин амал даст задан камбизоатӣ, бекорӣ, ҳарос пеш аз ҷазо, бемориҳои рӯҳӣ, муноқишаҳои хонаводагӣ, тарсу ваҳм,сериву безорӣ аз зиндагӣ ва гирифторӣ ба бемориҳои вазнин унвон шудаанд.

Гуфта мешавад, 75%-и ҳодисаҳои худкушӣ дар ҷаҳон дар кишварҳои сатҳи даромадашон паст ва миёна рух додаанд. Кишвари пешсаф аз нигоҳи сатҳи худкушӣ Гайана зикр шудааст, ки аз 100 ҳазор нафар 44 нафар даст ба худкушӣ мезананд.

Дар минтақаи Осиёи Марказӣ сатҳи баланди худкушӣ дар Қазоқистон ба қайд гирифта шудааст, ки аз 100 ҳазор нафар 23 нафар рост меояд. Дар идома Туркманистон (19 нафар аз 100 ҳазор), Қирғизистон (9 нафар), Ӯзбекистон (8 нафар қарор) доранд. Миёни кишварҳои ин минтақа аз ҳама камтар сокинони Тоҷикистон ба худкушӣ майл доштаанд, ки аз 100 ҳазор нафар 4 нафарро ташкил медиҳад.

Дар паҳнои ИДМ ин нишондиҳандаҳо дар Русия – 19 нафар, Беларус – 18 нафар, Украина – 16 нафар, Молдова – 13 нафар, Арманистон – 3 нафар ва Озарбойҷон – 2 нафар аз 100 ҳазор нафарро ташкил додаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.