Ҳукумат боло бурдани синнусоли нафақа барои низомиёнро пешниҳод кард

Ҳукумати Тоҷикистон тағйирот ба қонун «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ»-ро таҳия намуда, онро ба баррасии палатаи поёнии парлумон пешниҳод кард. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, ин тағийрот бо ташаббуси Вазорати молия пешниҳод шуда, моҳияташ дар он аст, ки акнун минбаъд барои ба нафақа баромадан намояндагони сохторҳои […]

Аваз Юлдошев



Ҳукумати Тоҷикистон тағйирот ба қонун «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ»-ро таҳия намуда, онро ба баррасии палатаи поёнии парлумон пешниҳод кард.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, ин тағийрот бо ташаббуси Вазорати молия пешниҳод шуда, моҳияташ дар он аст, ки акнун минбаъд барои ба нафақа баромадан намояндагони сохторҳои қудратии Тоҷикистон бояд на камтар аз 25 соли тақвимӣ хизмат кунанд.

Ба андешаи чанде аз намояндагони сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ, ташаббускорони ворид намудани чунин тағйирот огоҳ нестанд, ки беихтиёр зиён овардан ба пояҳои сулҳ ва субот дар кишварро пешниҳод доранд.

«Онҳо намедонанд, ки баъди чунин пешниҳодҳо шумори одамоне, ки бо хатар барои ҳаёташон ва музди ночизе шабонарӯзӣ бидуни хобу истироҳат ва дур аз оилаашон кор карда, ба Ватан хизмат мекунанд, бамаротиб кам шуда, ҷойи онҳоро ғайриҳирфаиён ва ҳатто ҷинояткорон бо мақсадҳои нопок гирифта метавонанд, ки ба муҳофизати на худу на сохти конститутсионӣ қодир нестанд. Чунин афрод огаҳ нестанд, ки кормандони сохторҳои қудратӣ қариб ҳамеша шабонарӯзӣ дар коранд, чӣ будани иду рӯзи истироҳатро намедонанд. Огаҳ нестанд, ки кормандони сохторҳои қудратӣ зимни ҳама гуна чорабиниҳои давлатӣ ба реҷаи ба истилоҳ адои хизмати шабонарӯзӣ (мудом дар казарма қарор доштан) мегузаранд ва барои ин пардохти иловагӣ намегиранд», – ибрози назар кард дар ин хусус яке аз собиқ кормандони сохторҳои қудратӣ.

Дар ҳамин ҳол, сарчашмаҳои «Азия-Плюс» дар ҳукумат ва парлумони ҷумҳурӣ дар мавриди ин масъала қайд карданд, ки дар долонҳои ҳукумат ва парлумон ин тағйирот баҳсҳои зидду нақизро дар пай хоҳад дошт. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.