Дар ҳамоиши Душанбе сардори Ситоди муттаҳидаи СААД иваз шуд

Бо мақсади риояи усули ҷойивазкунӣ ва таъмини раҳбарии муттасил ва фаврӣ ба фаъолияти Ситоди муттаҳидаи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), дар ҷаласаи рӯзи 15 сентябр дар Душанбе Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД ба вазифаи сардори Ситоди муттаҳидаи СААД генерал-полковник Анатолий Сидоровро таъин намуд, ки ба артиши Ҳавзаи низомии Ғарбии Русия фармондеҳӣ мекард. Генерал-лейтенант Александр Студеникин, ки […]

Аваз Юлдошев



Бо мақсади риояи усули ҷойивазкунӣ ва таъмини раҳбарии муттасил ва фаврӣ ба фаъолияти Ситоди муттаҳидаи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), дар ҷаласаи рӯзи 15 сентябр дар Душанбе Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД ба вазифаи сардори Ситоди муттаҳидаи СААД генерал-полковник Анатолий Сидоровро таъин намуд, ки ба артиши Ҳавзаи низомии Ғарбии Русия фармондеҳӣ мекард. Генерал-лейтенант Александр Студеникин, ки соли 2012 ба муҳлати се сол ба ин вазифа таъин шуда буд, аз мансабаш озод карда шуд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти СААД, дар ҳамоиши душанбегии Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ масъала дар бораи Дабири кулли СААД баррасӣ шуда, дар ин робита сарони кишварҳо дастур додаанд, ки то моҳи декабри соли 2015 санаде таҳия гардад, ки дар он таъини Дабири кулии СААД бар асоси ҷойивазкунӣ пешбинӣ шавад.

Дар ҳамоиши Душанбе қарор шуд, ки иҷлосияи минбаъдаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД нимаи дуюми соли 2016 дар шаҳри Ереван баргузор мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

“Шикор”-и кирокашҳои “10-сомонӣ”. Сокинони Душанбе чӣ назар доранд?

Аз оғози моҳи апрел пулиси Душанбе ба “шикор”-и кирокашҳое, ки миёни мардум бо номи “таксиҳои 10 - сомонӣ” маъруф аст, оғоз кардаааст.

“Бо мардум кор кунед, ҷойи кор таъсис диҳед”. Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара ба роҳбарон чӣ гуфт?

Ӯ инчунин соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноат ва кишоварзиро таҳлилу баррасӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 75

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Вазир: “Деҳқон озод аст”. Раис: “Пахта кор”. Кишоварзон чӣ кор бояд кунанд?

Вазорати кишоварзӣ мегӯяд, ҳеқ кас барои маҷбур кардани деҳқонон ҳақ надорад, лекин мақомот дар маҳалҳо ҳарчи зиёдтар фишор меоранд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 апрели соли 2026

Аз пахши радиои "Азия-Плюс" дар Хатлон то зодрӯзи Аъзам Сидқӣ ва Заррагул Искандарова