Омодагии манзилҳо ва иншооти хоҷагии манзилию коммуналӣ ба зимистон қаноатбахш нест

Сатҳи омодагии фонди манзил ва иншооти хоҷагии манзилию коммуналии Тоҷикистон барои кор дар мавсими тирамоҳу зимистон қаноатбахш нест. Бино ба маълуомти Агентии омори назди президенти ҶТ, масалан то 1 сентябр бояд 57 дегхонаҳо (котелний) аз таъмир бароварда мешуданд, аммо воқеъан ҳамагӣ 25 дехона таъмир шудааст, ки 43,9% аз нишондиҳандаҳои нақшавиро ташкил медиҳад. Ҳамчунин то оғози […]

Пайрав Чоршанбиев



Сатҳи омодагии фонди манзил ва иншооти хоҷагии манзилию коммуналии Тоҷикистон барои кор дар мавсими тирамоҳу зимистон қаноатбахш нест.

Бино ба маълуомти Агентии омори назди президенти ҶТ, масалан то 1 сентябр бояд 57 дегхонаҳо (котелний) аз таъмир бароварда мешуданд, аммо воқеъан ҳамагӣ 25 дехона таъмир шудааст, ки 43,9% аз нишондиҳандаҳои нақшавиро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин то оғози тирамоҳ иваз кардани ҳудуди 32 километр шабакаҳои гармӣ дар назар буд, воқеъан то 1 сентябр бошад, танҳо нисфи ин шабакаҳо – наздики 16 километр иваз карда шудааст.

Ғайр аз ин, то 1 сентябр иваз кардани 6 километр қубурҳои садамавӣ ба нақша гирифта шуда, ин нақша ҳамагӣ ба андозаи 3,3% ба иҷро расидааст, яъне иваз кардани тақрибан 200 метри ин зербино муяссар гардидааст.

Илова бар ин, нақшаи пешбинишудаи таъмири боми хонаҳо ба андозаи 73,4% ба иҷро расида, ба санаи 1 сентябр аз таъмири беш аз 2,5 ҳазор хонаҳои пешбинишуда, боми ҳудуди 1,9 ҳазор хона аз таъмир бароварда шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

“Шикор”-и кирокашҳои “10-сомонӣ”. Сокинони Душанбе чӣ назар доранд?

Аз оғози моҳи апрел пулиси Душанбе ба “шикор”-и кирокашҳое, ки миёни мардум бо номи “таксиҳои 10 - сомонӣ” маъруф аст, оғоз кардаааст.

“Бо мардум кор кунед, ҷойи кор таъсис диҳед”. Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара ба роҳбарон чӣ гуфт?

Ӯ инчунин соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноат ва кишоварзиро таҳлилу баррасӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 75

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Вазир: “Деҳқон озод аст”. Раис: “Пахта кор”. Кишоварзон чӣ кор бояд кунанд?

Вазорати кишоварзӣ мегӯяд, ҳеқ кас барои маҷбур кардани деҳқонон ҳақ надорад, лекин мақомот дар маҳалҳо ҳарчи зиёдтар фишор меоранд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 апрели соли 2026

Аз пахши радиои "Азия-Плюс" дар Хатлон то зодрӯзи Аъзам Сидқӣ ва Заррагул Искандарова