Шоми рӯзи гузашта боз як муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Маҳмадалии Ҳайит дар шаҳри Душанбе боздошт шуд.
Хешовандону наздикони М.Ҳайит ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки шоми рӯзи 16 сентябр кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба манзил муовини раиси ҲНИТ омадаанд. «Онҳоро худро муаррифӣ ва ҳуҷҷатҳояшонро нишон дода, ба Маҳмалӣ гуфтанд, ки ҳамроҳи онҳо меравад», – гуфтанд наздикони ӯ.
Қаблан Маҳмалии Ҳайит иттилоъ дода буд, ки рӯзи 5 сентябр ӯро ба КДАМ даъват карда, дар бораи рӯйдодҳои рӯзи 4 сентябр дар кишвар бозпурсӣ ва худи ҳамон рӯз ҷавоб дода буданд.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 16 сентябр ҳамчунин
муовини аввали раиси ҲНИТ Саидумар Ҳусайнӣ
низ ҳангоми парвоз ба шаҳри Алмаато боздошт шуд. Дар бораи айни замон дар куҷо қарор доштани Саидумар Ҳусайнӣ маълумот дастрас нест.


