Дар минтақаи ҷанбуи ҷумҳурӣ кормандони милиса ду далели хириду фурӯши ноболиғонро ошкор карданд.
Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар ин робита хабар медиҳад, ки рӯзи 6-уми октябр кормандони милитсия зани 23-солаи сокини шаҳри Кӯлоб бо гумони фурӯши тифли навзод дастгир кардаанд.
Ба иттилои манбаъ, гумонбаршуда дар меҳмонхонаи “Мурод Боқӣ”, воқеъ дар кӯчаи Ваҳдати шаҳри Қурғонтеппа ба зани 27-сола, сокини ш.Қӯрғонтеппа тифли навзоди ҷинсаш мардро ба маблағи 300 сомонӣ фурӯхтааст.
Гуфта мешавад, ҳамчунин дар ин рӯз зани 30-солаи сокини ноҳияи Бохтар низ бо гумони хариду фурӯши тифли навзод дастгир гардида, муайян карда шудааст, ки гумонбаршуда, санаи 29-уми сентябри соли 2015, дар меҳмонхонаи мазкур ба зани дар боло зикргардидаи 27-сола, сокини ш.Қӯрғонтеппа тифли навзоди ҷинсаш занро ба маблағи 1500-сомонӣ фурӯхтааст.
Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.



