«Бародарони мусалмон» дар Қоҳира ба Ҳусайнӣ манзил туҳфа кардаанд

АМИТ «Ховар» дар сомонаи худ мактуби Муҳаммадазиз Саидназаров, донишҷӯи донишгоҳи Ал-Азҳарро ба чоп расонид. Донишҷӯ дар он изҳор доштааст, ки моҳи майи соли 2010 созмони дар Тоҷикистон террористӣ эътирофшудаи «Бародарони мусалмон»-и Миср дар яке аз қисматҳои бонуфузи шаҳри Қоҳира ба муовини аввали раиси ҲНИТ, он замон вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Саидумар Ҳусайнӣ манзили сеҳуҷрагӣ […]

ASIA-Plus



АМИТ «Ховар» дар сомонаи худ мактуби Муҳаммадазиз Саидназаров, донишҷӯи донишгоҳи Ал-Азҳарро

ба чоп расонид.

Донишҷӯ дар он изҳор доштааст, ки моҳи майи соли 2010 созмони дар Тоҷикистон террористӣ эътирофшудаи «Бародарони мусалмон»-и Миср дар яке аз қисматҳои бонуфузи шаҳри Қоҳира ба муовини аввали раиси ҲНИТ, он замон вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Саидумар Ҳусайнӣ манзили сеҳуҷрагӣ туҳфа кардааст.

Бино ба гуфтаи донишҷӯ, дар манзили мазкур, воқеъ бо суроғаи маҳалаи 7-ум, кучаи Ҳофиз Бадавӣ, иморати 21 хонаи 4, шаҳраки Насри Коҳира писарони С.Ҳусайнӣ – донишҷӯёни Ал-Азҳар Абдулло Умарӣ ва Тоҳир Ҳисайнов зиндагӣ мекардаанд. «Ҳамчунин писари ӯ Ҳисайнов Тоҳир дар назди мо борҳо таъкид намуд, ки хонаҳои дар Миср ва Туркия буда, умуман ба маблағҳои махсуси ҳизб дахл надорад. Ҳ.Тоҳир муътақид аст, ки он маблағҳо аз ҷониби “бародарони мусалмон” “тақдим” гардидааст», – қайд мешавад дар номаи донишҷӯ.

Таъкид мешавад, ки бино ба гуфтаи Т. Ҳисайнов, падараш С. Ҳусайнӣ мақсад доштааст, ки санаи 16 сентябри соли 2015, аз тариқи хатсайри Душанбе-Алмаато-Қоҳира вориди Миср гардида, дар шаҳри Қоҳира дар хонаи мазкур паноҳ барад, аммо С. Ҳусайниро соати 11:00 ҳамон рӯз ҳангоми фирор, аз дохили ҳавопаймо кормандони ҳифзи ҳуқуқ дастгир намуданд.

Қобили зикр аст, ки Донишгоҳи Ал-Азҳар академияи маънавии мусалмонии пурнуфузест, ки дар шаҳри Қоҳира амал мекунад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.