Лукашенко бори панҷум президенти Беларус интихоб шуд



Тибқи маълумоти пешакӣ, дар маъракаи интихоботи президенти Беларус, ки рӯзи 11 октябр доир гардид, президенти амалкунандаи ин кишвар бо касби 83,49%-и овозҳо маротибаи панҷум пирӯз шуд.

Беш аз 6%-и интихобкунандагон муқобили ҳамаи номзадҳо раъй дода, намояндаи ширкати «Говори правду» Татяна Короткевич ба 4,42%, раиси Ҳизби либералӣ-демократӣ Сергей Гайдукевич – 3,32% ва раиси Ҳизби ватанхоҳи Беларус Николай Улахович ба 1,67%-и овозҳо соҳиб шуданд.

Хабаргузории

ББС.

менависад, Комиссияи марказии интихоботи Беларус рӯзи 16 октябр аз натиҷаҳои ниҳоии интихобот маълумот хоҳад дод.

Бино ба маълумоти Комиссияи марказии интихоботи Беларус, дар маъракаи рӯзи 11 октябри интихоботи президенти Беларус 86,75% аз шумори умумии интихобкунандагон ширкат варзида, ҳузури аз ҳама бештари онҳо да вилояти Витебск – 91% ва камтраин дар Минск – 73,33% ба қайд гирифта шудааст.

Хабаргузории

БЕЛТА

қайд мекунад, ки дар мавриди норозӣ буданашон аз  натиҷаҳои интихобот, номзадҳо ба мансаби президентӣ дар муддати 3 рӯз метавонанд аз болои он шикоят баранд.

Сарвари давлати амалкунандаи ин кишвар Александр Лукашенко айни замон ягона президенти Беларус ба шумор меравад. Ӯ дар маъракаҳои интихоботии солҳои 1994, 2001-ум, 2006-ум ва 2010-ум сарвари ин давлат интихоб шудааст.

spot_imgspot_img

Популярное