Боздошти дуздони ҷавон дар ноҳияи Қумсангир



Кормандони Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Қумсангир ду тан аз сокинони ин ноҳияро ба гумони даст доштан дар ҳодисаҳои дуздӣ боздошт намуданд

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, муайян карда шудааст, ки пешдастгиршудагон – ҷавонони 24-25-сола шаби 28 ба 29 сентябр бо роҳи пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматии зани 34-солаи сокини ҳамин ноҳия шуда, 6500 сомонӣ ва ҷавоҳиротҳои тиллоӣ, ҷамъ ба маблағи 9600 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Ёдрас мешавад, ки номбурдагон шаби 19 ба 20 сентябр бо тариқи пинҳонӣ вориди хонаи зани 37-сола, сокини ҳамин ноҳия шуда, аз дохили ҷевон як адад планшет, як телефони мобилии тамғаи “Самсунг”, маблағи пулии 1000 доллари амрикоӣ, 6000 рубли ФР ва 1300 сомонӣ, ҷамъ ба маблағи умумии 14180 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб зада буданд.

Гуфта мешавад, аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ дар ин самт идома доранд.

spot_imgspot_img

Популярное