Шикасти мунтахаби футболи Тоҷикистон аз Урдун

Дар марҳилаи интихобии Чемпионати ҷахон-2018 оид ба футбол дар гурӯҳи «В» мунтахаби футболи Тоҷикистон дар меҳмонӣ аз дастаи мнутахаби Урдун бо ҳисоби 0 бар 3 шикаст хӯрд. Бино ба иттилои Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, дар ин вохӯрӣ соҳибони майдон ҳамаи тӯбҳоро дар қисми дуюм ба самар расониданд. Дар вохӯрии дуюми ин гурӯҳ Қирғизистон дар майдони худ […]

ASIA-Plus



Дар марҳилаи интихобии Чемпионати ҷахон-2018 оид ба футбол дар гурӯҳи «В» мунтахаби футболи Тоҷикистон дар меҳмонӣ аз дастаи мнутахаби Урдун бо ҳисоби 0 бар 3 шикаст хӯрд.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, дар ин вохӯрӣ соҳибони майдон ҳамаи тӯбҳоро дар қисми дуюм ба самар расониданд. Дар вохӯрии дуюми ин гурӯҳ Қирғизистон дар майдони худ бар дастаи Бангладеш бо ҳисоби 2 бар 0 дастболо шуд.

Ҳамин тариқ, дар гуруҳи «В» бо 13 имтиёз (аз 5 бозӣ) дастаи Урдун пешсафи ҷадвал буда, зинаи дуюмро бо 9 имтиёз (аз 4 бозӣ) ғолиби Ҷоми Осиё-2015 – футболбозони Австралия ишғол мекунанд.

Дастаи Қирғизистон бо 8 хол, дар зинаи сеюм, Тоҷикистон бо 2 имтиёз дар мақоми 4-ум ва Бангладеш бо 1 хол дар зинаи охири ҷадвал қарор доранд.

Бозии навбатии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар ин гурӯҳ рӯзи 12 ноябр бо дастаи Бангладеш дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Дар ин рӯз Австралия дар майдони худ ластаи Қирғизистонро қабул мекунад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Пас аз мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Душанбе, дар радабандии ҷаҳонии IJF ду натиҷаи таърихӣ барои Тоҷикистон сабт шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст