Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ рӯзи 14 октябр бо кордори навтаъйини сафорати Туркия дар Тоҷикистон Сафир Авни Аксой дидору гуфтугӯ кард.
Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар рафти суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Туркия ва рафти татбиқи натиҷаҳои машваратҳои байни Вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишварро, ки моҳи июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор шуданд, баррасӣ намуданд.
Гуфта мешвад, ҳамчунин миёни ҷонибҳо атрофи тавсеаи заминаи шартномавию ҳуқуқии ҳамкориҳо ва тақвияти фаъолияти комиссияҳои муштараки байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ табодули назари судманд сурат гирифт.



