БМТ овозаҳои барҳам додани «Фононбонк»-ро рад мекунад

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ояндаи наздик барҳам додани ҶСП «Фононбонк»-ро қотеъона рад мекунад. Айни замон БМТ дар ин муассиса маъмурияти муваққатӣ таъин кардааст. Рӯзи душанбе чанде аз мизоҷони «Фононбонк» ба идораи «Азия-Плюс» муроҷиат намуда, изҳор доштанд, ки бонк аз онҳо дар муддати се рӯз баргардонидани қарзҳои қаблан гирифтаашонро тақозо карда, инро бо асоснок намудааст, ки […]

Пайрав Чоршанбиев



Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ояндаи наздик барҳам додани ҶСП «Фононбонк»-ро қотеъона рад мекунад. Айни замон БМТ дар ин муассиса маъмурияти муваққатӣ таъин кардааст.

Рӯзи душанбе чанде аз мизоҷони «Фононбонк» ба идораи «Азия-Плюс» муроҷиат намуда, изҳор доштанд, ки бонк аз онҳо дар муддати се рӯз баргардонидани қарзҳои қаблан гирифтаашонро тақозо карда, инро бо асоснок намудааст, ки ояндаи наздик фаъолияти бонк қатъ карда мешавад.

Дар ҳамин ҳол, дар Бонки миллӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуданд, ки ин овозаҳо ҳеҷ асоси воқеӣ надоранд. «Яқинан чунин овозахо аз ҷониби мизоҷоне паҳн карда мешаванд, ки барои саривақт баргардонидани қарзҳои гирифтаашон аз бонк мушкилие доранд», – қайд карданд дар БМТ.

Ба иттилои манбаъ, чанде аз мизоҷони «Фононбонк» мунтазам саривақт баргардонидани қарзҳои гирифтаашонро ба таъхир меандозанд. «Маъмурияи муваққатӣ аз ҷумла кор бо чунин мизоҷони мушкилро пурзӯр кард, зеро ин яке аз роҳҳои беҳбуди вазъи молиявии бонк мебошад», – гуфтанд дар Бонки миллӣ.

Бо мақсади беҳбуди вазъи молиявии ҶСП «Фононбонк» Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дар ин муассисаи тиҷоратӣ маъмурияти муваққатӣ таъин кард. Санаи 2 октябр Раёсати БМТ дар ин бора қарори дахлдор қабул кард. Ҳайати маъмурияти муваққатӣ аз ҳисоби кормандони ботаҷрибаи идораҳои марбутаи Бонки миллии Тоҷикистон ташкил карда шудааст.

Ҳафтаи баъди қабули ин қарор раиси ҶСП «Фононбонк» Самихон Қурбонов ба гумони робита доштан ба исёни мусаллаҳонаи собиқ муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим) боздошт шуд. Самихон Қурбонов хеши наздики муовини аввали раиси ҲНИТ Саидумар Ҳусайнӣ аст.

Он замон зикр гардида буд, ки Самихон Қурбонов на ба гумони содир кардани ҷиноятҳои молиявӣ, балки барои робита доштан бо гурӯҳи Абдуҳалим Назарзода ва иштирок дар фаъолияти ҷинояткоронаи ҳизби аллакай мамнӯъ дар Тоҷикистон – ҲНИТ ҳабс шудааст.

Пас аз бозпурсиҳои дахлдор дар ин маврид Самихон Қурбонов нимаи моҳи октябр таҳти баёноти тарк накардани маҳалли зист озод карда шуд. Қайд шуда буд, ки хазинадор ва муҳосиби «Фононбонк» низ аз ҷониби намояндагони сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ мавриди бозпурсӣ қарор доранд.

ҶСП «Фононбонк» вориси ҶСП «Ташкилоти қарзии Фонон» мебошад. Моҳи майи соли 2007 «Фононбонк» дар Вазорати адлияи ҶТ сабти ном шуда, 4 январи соли 2008 барои анҷоми амалиёти молиявӣ ба сифати бонк аз БМТ иҷозатнома гирифт.

Дафтари кории маркзии ҶСП «Фононбонк» дар пойтахт қарор дошта, бонк дар саросари кишвар 14 филиал дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.