Дмитрий Медведев ба Душанбе ташриф меорад

Нахуствазири Русия Дмитрий Медевелев дар кори ҷаласаи Шӯрои нахуствазирони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки санаи 30 октябр дар Душанбе доир мегардад, ширкат меварзад. Бино ба иттилои интишоршуда дар сомонаи расмии ҳукумати Русия, дар ин ҷаласа баррасии беш аз 30 масъала дар назар буда, ба рушди ҳамкориҳо дар бахшу иқтисоду тичорат таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад […]

ASIA-Plus



Нахуствазири Русия Дмитрий Медевелев дар кори ҷаласаи Шӯрои нахуствазирони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки санаи 30 октябр дар Душанбе доир мегардад, ширкат меварзад.

Бино ба

иттилои

интишоршуда дар сомонаи расмии ҳукумати Русия, дар ин ҷаласа баррасии беш аз 30 масъала дар назар буда, ба рушди ҳамкориҳо дар бахшу иқтисоду тичорат таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.

Аз ҷумла иштирокдорони ҷаласа атрофи густариши ҳамкориҳои иҷтимоиву гуманитарӣ, тақвияти робитаҳо дар бахшҳои молияву мақомоти ҳифзи ҳуқуқ табодули назар намуда, ҳамчунин ҷараёни амалисозии муқаррароти Шартнома дар бораи минтақаи савдои озод аз 18 октябри соли 2011-ро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.

Ҳамчунин қабули нақшаҳои амалисозии марҳилаи сеюми Стратегияи рушди иқтисодии ИДМ дар давраи то соли 2020, марҳилаҳои навбатии иҷрои Стратегияи ҳамкорӣ миёни ҷавонони кишварҳо, Стратегияи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар кишварҳои узви Иттиҳод ва тасдиқи нақшаи чорабиниҳо ба муносибати ҷашни 25-солагии таъсиси ИДМ дар соли 2016 дар назар аст.

Аз рӯи натиҷаҳои ҷаласа имзои созишнома дар бораи шартҳои амалисозии ҳисоббаробаркунӣ миёни операторон зимни хизматрасонии алоқаи байнулмилалӣ дар кишварҳои узви ИДМ ва ҳамчунин ворид намудани тағйироту илова ба чанде аз шартномаву қарорҳои дар доираи ИДМ қаблан қабулшуда барои ба замони муосир мувофиқ сохтани онҳо ба нақша гирифта шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.