Бонки миллӣ тартиби нави муқаррар кардани қурби доллари нақдро шарҳ дод

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) тартиби нави муқаррар кардани қурби хариду фурӯши доллари нақди ИМА дар бозори дохилро шарҳу тавзеҳ дод. Дар шарҳи интишоршуда дар сомонаи расмии БМТ дар ин робита қайд мешавад, ки аз ҷониби БМТ Тоҷикистон муайян кардани қурби хариду фурӯши долл. нақди ИМА дар даврае зарур шуда буд, ки нуқтаҳои мубодилаи асъори шахсони […]

ASIA-Plus



Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) тартиби нави муқаррар кардани қурби хариду фурӯши доллари нақди ИМА дар бозори дохилро шарҳу тавзеҳ дод.

Дар шарҳи интишоршуда дар сомонаи расмии БМТ дар ин робита қайд мешавад, ки аз ҷониби БМТ Тоҷикистон муайян кардани қурби хариду фурӯши долл. нақди ИМА дар даврае зарур шуда буд, ки нуқтаҳои мубодилаи асъори шахсони воқеъи аз ноустувории бозор ва қурби асъор суистифода карда, бо мақсади ҳар чӣ зиёдтар ба даст овардани фоида, беасос қурби фурӯши долл. нақди ИМА-ро баланд мебардоштанд.

«Вазъи бозорҳои ҷаҳонӣ феълан таҳти фишор қарор дошта, ба лапишҳои қурбӣ рӯ ба рӯ мегарданд ва дар ин замина бонкҳои марказии онҳо сиёсати пулию қарзӣ ва асъории худро тибқи вазъияти ба амал омада, тағйир дода истодаанд», – омадааст дар шарҳ.

Таъкид мешавад, ки вазъи имрӯзаи бозори асъори ҷумҳурӣ ба куллӣ аз вазъияти дар моҳҳои марту апрели соли равон ҷойдошта фарқ мекунад ва нуқтаҳои мубодилаи асъори шахсони воқеӣ баста шуда, амалиёти мубодилавӣ дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ танҳо ба воситаи муассисаҳои ташкилотҳои қарзӣ анҷом дода мешаванд.

«Дар айни замон, вазъи бозори дохилӣ устувор буда, тағйирёбии қурб муътадил арзёбӣ мешавад. Гузариш ба тартиби нави муқаррарсозии қурб тадриҷан сурат гирифта, ташкилотҳои қарзӣ бо назардошти тағйирёбии қурби расмии сомонӣ нисбати долл. ИМА, бояд қурби хариду фурӯши нақдии онро мустақилона барои муассисаҳои худ муайян намоянд. Вобаста бар ин, ташкилотҳои қарзӣ метавонанд мустақилона қурби фурӯши долл. нақди ИМА-ро аз қурби расмӣ то ба андозаи 1,5 (якуним) фоиз муқаррар кунанд», – баён мегардад дар маълумоти БМТ.

Гуфта мешавад, рӯзи душанбе, 26 октябр қурби расмии сомонӣ ба доллари ИМА дар сатҳи 6,6085 (барои 1$) муқаррар шуда, ҳамин тавр, қурби фурӯши доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъор набояд аз 6,7076 сомонӣ барои 1 доллари ИМА зиёдтар бошад (6,6085+1,5%+6,7076).

Зимнан зикр мегардад, ки ҳадаф аз ҷорӣ кардани механизми нави муқаррарсозии қурби асъори нақдӣ, пеш аз ҳама, кам кардани фарқияти байни қурбҳо, пешгирӣ кардани фарқияти назарраси даромади амалиётҳои ҳаннотӣ, ба танзим даровардану таъмини шафофияти фаъолияти мубодилавии муассисаҳои ташкилотҳои қарзӣ ва тадриҷан гузаштан ба низоми қурби ягонаи мубодилавӣ мебошад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.