Тағйироту илова ба қонун «Дар бораи намунаҳои саноатӣ»



Нимаи аввали имрӯз таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон доир гардида, дар он масъалаҳои марбут ба ворид намудани тағйироту илова ба қонунҳо «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ» ва «Дар бораи намунаҳои саноатӣ» баррасӣ мешаванд.

Котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин масъалаи тасдиқи Протокол дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Созишнома бо Созмони умумиҷаҳонии савдо оид ба ҷанбаҳои тиҷоратии ҳуқуқҳои моликияти зеҳнӣ низ муҳокима мешавад.

Зимнан зикр гардид, ки дар ҷаласаи Шӯро рӯзномаи ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати панҷум, ки рӯзи 4 ноябр доир мегардад, низ тасдиқ мешавад.

spot_imgspot_img

Популярное