Боздошти боз як ҳимоятгари коллегияи адвокатҳои «Сипар»

Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон адвокати иттиҳодияи ҷамъиятии «Сипар» Дилбар Додоҷоноваро ба гумони даст доштан дар қаллобӣ боздошт намуданд. Бино ба иттилои сомонаи расмии Агентӣ, бо истифода аз мақоми хизматӣ ва бо мақсади дар марҳилаи назоратии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал намудани баҳси шаҳрвандӣ вобаста ба қитъаи замини наздиҳавлигӣ, ӯ […]

ASIA-Plus



Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон адвокати иттиҳодияи ҷамъиятии «Сипар» Дилбар Додоҷоноваро ба гумони даст доштан дар қаллобӣ боздошт намуданд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Агентӣ, бо истифода аз мақоми хизматӣ ва бо мақсади дар марҳилаи назоратии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал намудани баҳси шаҳрвандӣ вобаста ба қитъаи замини наздиҳавлигӣ, ӯ аз шаҳрванд «М» маблағи пулии 10 ҳазор доллари амрикоӣ гуё ҳамчун ҳаққи хизмати судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб намудааст.

«Санаи 26 октябри соли 2015 дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ ҷустуҷуӣ дар кӯчаи Зафари ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе зимни гирифтани маблағи 5 ҳазору 800 доллари амрикоӣ ва 1000 сомонӣ аз шаҳрванд «М» дар ҷои ҳодиса дастгир карда шуда, маблағҳои мазкур ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуданд», – омадааст дар хабар.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати Дилбар Додаҷонова бо моддаи 247 қисми 4 банди «б» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (яъне тасарруфи молу мулки ғайр ё ба даст овардани ҳуқуқ ба молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ё сӯиистифодаи боварӣ, аз ҷониби шахс бо истифодаи мақоми хизматӣ ва бо истифодаи мақоми хизматӣ ва расонидани зарари моддӣ ба миқдори махсусан калон» парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда тафтишоти пешакӣ идома дорад. Гумонбаршуда таҳти баёноти тарк накардани маҳалли зист қарор дорад.

Қобили зикр аст, ки Дилбар Додоҷонова адокати сеюми иттиҳодияи ҷамъиятии «Сипар» мебошад, ки тайи моҳи ахир боздошт шуд. Санаи 28 сентябр роҳбари «Сипар», адвокат Бузургмеҳр Ёров, ки аз манфиатҳои аъзои ҳабсшудаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳимоят мекард, боздошт шуда, баъдтар, 23 октябр адвокати дигари «Сипар» Нуриддин Маҳкамов низ боздошт шуд, ки ӯ низ аз манфиатҳои аъзои ҲНИТ ҳимоят мекард. Аммо аз манфиатҳои аъзои боздоштшудаи ҲНИТ-ро ҳимоя кардани Дилбар Додоҷонова алҳол маълумот дастрас нест.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.