Намояндаи доимии Тоҷикистон ба директори генералии IRENA эътимоднома супурд

Рӯзи 15 ноябри соли 2015 дар Аморати Абу Забӣ (Аморати Муттаҳидаи Араб) маросими супоридани Эътимодномаи Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Агентии байналмилалии неруи таҷдидшаванда (IRENA) Юсуф Бобокалонов ба Директори генералии IRENA Аднон З. Амин баргузор гардид. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни мулоқоти дуҷониба масъалаи таҳким ва тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши […]

ASIA-Plus



Рӯзи 15 ноябри соли 2015 дар Аморати Абу Забӣ (Аморати Муттаҳидаи Араб) маросими супоридани Эътимодномаи Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Агентии байналмилалии неруи таҷдидшаванда (IRENA) Юсуф Бобокалонов ба Директори генералии IRENA Аднон З. Амин баргузор гардид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни мулоқоти дуҷониба масъалаи таҳким ва тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши энергияи таҷдидшаванда ва роҳҳои пешбурди ин соҳаи ҳаётан муҳим мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Гуфта мешавад, ҳамчунин ҷонибҳо атрофи мушкилиҳои сайёра, алалхусус тағирёбии иқлим суҳбат намуда, зарурати пайдо намудани сарчашмаҳои алтернативии энергия, аз ҷумла манбаҳои нерӯи таҷдидшавандаро таъкид карданд.

Қобили зикр аст, ки IRENA 26 январи соли 2009 дар Бонн таъсис дода шуда, зимни конфронси таъсисёбӣ Оинномаи Агентиро намояндагони 75 кишвари дунё ба имзо расониданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.