Дар Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин имрӯз, 17 ноябр ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии (ШҲМ) давлатҳои аъзои СҲШ ва ҷаласаи гурӯҳи кории коршиносони давлатҳои аъзои СҲШ оид ба масъалаҳои васеъшавии Созмон ба кор шурӯъ намуданд.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар чорабиниҳои мазкур ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳамоҳангсози миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои СҲШ Парвиз Давлатзода иштирок менамояд.
Гуфта мешавад, дар рафти ҷаласаҳо мавзӯъ ва ҳуҷҷатҳое, ки барои баррасӣ ба ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои СҲШ пешниҳод мешаванд, мавзӯъ ва ҳуҷҷатҳои вобаста ба узвияти Ҷумҳурии Ҳиндустон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон ба СҲШ, инчунин дигар мавзӯъҳои мубрами фаъолияти Созмон мавриди муҳокима қарор мегиранд.



