Эътирози тоҷиктаборони Бомиён алайҳи поккории қавмӣ



Як гурӯҳ аз тоҷикони қавмии вилояти Бомиёни Афғонистон, ки аз ҳолатҳои поккорӣ тибқи аломатҳои этникӣ норозианд, рӯзи сешанбе дар шаҳри Кобул ба намоиши эътирозӣ даст заданд. Дар ин бора хабаргузории «


Бухди


»-и Афғонистон иттилоъ медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, тазоҳургарон изҳор доштаанд, ки тоҷикон – сокинони вилояти Бомиён мавриди зулму ситам қарор гирифта, дар натиҷа ба таври оммавӣ қаламрави ин вилоятро тарк мекунанд.

«Афроди дар намоиш ҳузурдошта мегӯянд, ҳукумат бояд ба арзу шикоят ва поймолкунии ҳуқуқҳои шаҳрвандон дар Бомиён расидагӣ кунад. Тазоҳургарон изҳороте интишор карданд, ки дар он гуфта мешавад, онҳо ба иштирок дар равандҳои миллӣ ва сиёсии ин вилоят ҳуқуқ доранд», – менависад хабаргузорӣ.

Гуфта мешавад, иштирокдорони намоиш аз ҳукумати марказӣ ва ҳомиёни ҳуқуқ тақозо намудаанд, ки иштироки онҳо дар ҳаёти сиёсӣ ва сохторҳои давлатиро таъмин намоянд.

Онҳо зикр кардаанд, ки ҳарчанд 40%-и аҳолии вилояти Бомиён тоҷикони қавмӣ бошанд ҳам, онҳо дар ҳаёти иқтисодии вилоят иштирок надоранд ва мисол овардаанд, ки аз 2 ҳазор мағозаи мавҷуда дар вилоят ҳеҷ кадоме ба тоҷиктаборон тааллуқ надорад.

spot_imgspot_img

Популярное