Сабти дубораи сим-кортҳои операторони мобилии Тоҷикистон

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон лоиҳаи тағйироту иловаҳои аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба қонун «Дар бораи алоқаи барқӣ»-ро маъқул шуморид, ки тибқи он операторони мобилии кишвар ба сабти дубораи 7 млн. сим-корти қаблан фурӯхташуда уҳдадор мешаванд. Зимни суханронӣ назди вакилон дар робита ба ин масъала муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ Мансурҷон Умаров изҳор […]

Аваз Юлдошев



Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон лоиҳаи тағйироту иловаҳои аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба қонун «Дар бораи алоқаи барқӣ»-ро маъқул шуморид, ки тибқи он операторони мобилии кишвар ба сабти дубораи 7 млн. сим-корти қаблан фурӯхташуда уҳдадор мешаванд.

Зимни суханронӣ назди вакилон дар робита ба ин масъала муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ Мансурҷон Умаров изҳор намуд, ки тайи солҳои ахир дар кишвар бидуни пешниҳоди кадом як ҳуҷҷате беш аз 70 фоиз сим-кортҳои фаъоли операторони мобилӣ фурӯхта шудаанд.

Ба гуфтаи ӯ, имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 7 млн. сим-кортҳо фурӯхта шудааст. «Сим-кортҳои операторони мобилии Тоҷикистон имрӯз озодона дар минтақаи шимоли Афғонистон фурӯхта мешаванд, он ҷо нуқтаҳои қабули пардохт барои телефонҳои мобилии Тоҷикистон боз шудааст, маълумоте мавҷуд аст, ки дар марз бо кишвари мо ҷангиёни ҳаракати Толибон аз ин сим-кортҳои Тоҷикистон фаъолона истифода мекунанд», – иброз дошт Умаров.

Муовини аввали раиси КДАМ ҶТ ҳамчунин қайд кард, ки тағйироту иловаҳои мазкур барои ба тартиб даровардани фурӯши сим-кортҳои операторони мобилии Тоҷикистон пешниҳод гардидаанд.

Мувофиқи тағйироту иловаҳои қабулшуда, операторони алоқаи мобилии Тоҷикистон дар муддати як сол аз замони қабули тағйироту иловаҳо ба қонуни мазкур, уҳдадор мешаванд, ки сим-кортҳои қаблан фурӯхтаро аз нав ба қайд гиранд.

Зимни посух ба саволҳои вакилон М.Умаров зикр кард, ки дар самти ба тартиб овардани пешниҳоди хизматгузориҳои алоқаи мобилӣ, айни замон аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон ҳамчунин тағйироту иловаҳо ба қонунҳои дигар низ мавриди таҳия қарор доранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.