Футзалистони Тоҷикистон Чемпионати Осиёро аз бозӣ бо Таиланд оғоз мекунанд

Рақибони мунтахаби футзали Тоҷикистон дар марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2016 дар гурӯҳи “С”, ки аз 10 то 21 феврал дар Тошканд баргузор мешавад, маълум шуданд. Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ , аз рӯи натоиҷи қуръакашӣ, ки рӯзи 2 декабр дар пойтахти Узбакистон доир шудааст, мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи худ бо дастаҳои мунтахаби Тайланд, Ветнам ва Тайван […]

ASIA-Plus



Рақибони мунтахаби футзали Тоҷикистон дар марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2016 дар гурӯҳи “С”, ки аз 10 то 21 феврал дар Тошканд баргузор мешавад, маълум шуданд.

Бино ба маълумоти

Радиои Озодӣ

, аз рӯи натоиҷи қуръакашӣ, ки рӯзи 2 декабр дар пойтахти Узбакистон доир шудааст, мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи худ бо дастаҳои мунтахаби Тайланд, Ветнам ва Тайван рақобат мекунад.

Футзалистони тоҷик бозии аввалро рӯзи 11 феврал бо дастьаи Таиланд, сипас вохӯрии дуюмро санаи 13 феврал бо дастаи Ветнам ва бозии охир дар даври гурӯҳиро рӯзи 15 феврал бо тими мунтахаби Тайван мегузаронанд.

Ҳайати гурӯҳҳо баъди қуръакашӣ чунин шакл гирифтанд:


Гурӯҳи «А»

: Арабистони Саудӣ, Қирғизистон, Лубнон, Узбакистон.


Гурӯҳи «В»

:  Ироқ, Урдун, Чин, Эрон.


Гурӯҳи «С»

: Ветнам, Тайван, Тайланд, Тоҷикистон.


Гурӯҳи «D»

:  Австралия, Қатар, Малайзия, Ҷопон.

Ду дастаи беҳтарини гурӯҳҳо ба давраи чаҳорякфиналии Чемпионати Осиё роҳ меёбанд. Дар сурати ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфтани тими мунтахаби Тоҷикистон, ӯ бо яке аз дастаҳои гурӯҳи «D» (Австралия, Қатар, Малайзия, Ҷопон) бозӣ мекунад.

Қобили зикр аст, ки панҷ дастаи беҳтарини Чемпионати Осиё дар Ӯзбекистон ба қисмати финалии Чемпионати ҷаҳон оид ба футзал-2016 роҳхат мегиранд, ки аз 10 сентябр то 2 октябр дар Колумбия баргузор мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.