Пешгирии қочоқи маводи пиротехникӣ дар Суғд

Кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд пеши роҳи воридот ва паҳн гардидани маводҳои пиротехникиро ошкор ва пешгирӣ намуданд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ, зимни як амалиёт дар роҳи мошингарди самти Конибодом – Хуҷанд воситаи нақлиёти тамғаи «Опел-Зафира» таҳти идораи шаҳрванд Мансуров Зафар, истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд барои муоинаи гумрукӣ боздошт […]

ASIA-Plus



Кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд пеши роҳи воридот ва паҳн гардидани маводҳои пиротехникиро ошкор ва пешгирӣ намуданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ, зимни як амалиёт дар роҳи мошингарди самти Конибодом – Хуҷанд воситаи нақлиёти тамғаи «Опел-Зафира» таҳти идораи шаҳрванд Мансуров Зафар, истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд барои муоинаи гумрукӣ боздошт ва аз бордони автомашина  дар дохили 48 адад қуттиҳои калони картонӣ бо навиштаҷоти «Трения», «Чёрная смерт», ва «Цай ванн лэй» ба миқдори умумии 23 ҳазору 944 дона маводи тарфгарӣ дарёфт карда шудааст.

Гуфта мешавад, ин миқдор маводи тарфгарӣ ба шаҳрванд Усмонов Икромбек, истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд тааллуқ дошта, онро аз як нафар шаҳрванди Қирғизистон дар ҳудуди деҳаи Аркаи ин кишвар ба ҷои қарзаш гирифта, дар шаҳри Хуҷанд фурӯхтанӣ будааст.

Ба иттилои манбаъ, мутобиқи ташхиси лабораторӣ маводҳои пиротехникии аз шаҳрванди номбурда гирифташуда аз моддаҳои таркандаи хатарнок (порох) сохта шуда, барои ҳаёт ва саломатии инсон хеле хатарнок ва зараровар мебошанд.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ҳолати мазкур нисбат ба шаҳрванд Усмонов Икромбек парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 199 пр-1 қисми 2-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, аз рӯи тобеияти тафтишотӣ ба Прокуратураи вилояти Суғд фиристода шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Нерӯгоҳи “Роғун” ба таркиби калидиии шарикии нави Тоҷикистон ва БОР табдил меёбад

Муовини якуми сарвазири Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи БОР дар Самарқанд суханронӣ кард

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мунаввар Шоҳгадоев ва Дилшод Назаров то қатли Минҳоҷ Ғуломов

Сокинони деҳае дар Суғд мегӯянд, “паноҳҷӯёни афғонистонӣ аз маҳалла ғайб задаанд”

Гузориш аз макони будубоши муҳоҷирони афғонистонӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов пас аз боздошти як шаҳрванди Афғонистон бо иттиҳоми куштори як зан.

Танишҳо атрофи тангаи Ҳурмуз. Аз таҳдиди Трамп то ҳамла ба Имороту ҳушдори Сипоҳи посдорони Эрон ба нафткашҳои бандмонда

Вазъ дар ин оброҳа замоне печида шуд, ки Доналд Тармп гуфт, барои раҳо кардани киштиҳои бандмонда кӯмак мекунад.

Бо дастгирии ТИКА 10 зан дӯзандагиро омӯхтанд ва соҳиби мошини дӯзандагӣ шуданд

Ҳадафи лоиҳа ин аст, ки занон ба шахсони мустақил табдил ёфта, ба иқтисоди оилаи худ саҳм гузоранд.

Имсол низ ба ҳар як иштирокчии ҶБВ 50 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад

Ҳоло дар Тоҷикистон 8 иштирокчии ҶБВ боқӣ мондааст.

Дар Душанбе бори аввал мусобиқаи байналмилалии устодони ҷудои ҷаҳонӣ баргузор мешавад

Ин яке аз мусобиқаҳои пурнуфуз дар сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 81

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.