Кумаки Ҷопон ба сохтмони бунгоҳи тиббӣ дар Ҳамадонӣ



Сафири Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Такашӣ Камада ҳамроҳи Абдуқодир Вализода, раиси ноҳияи Ҳамадонӣ, рӯзи 16-ми декабри соли 2015 дар маросими анҷом ёфтани «Лоиҳаи сохтмони бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи “Янгийул”-и ҷамоати деҳоти Чубеки ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ» иштирок карданд.


Ҳукумати

Ҷопон

 дар чаҳорчӯбаи Барномаи оид ба кӯмакҳои бебозгашт ва амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ (GGP) ба ҳокимияти маҳалии ноҳияи Хамадонӣ барои иҷрои лоиҳаи мазкур 88,120 доллари ИМА дастрас намуд.

Бинои бунгоҳи тиббии деҳаи “Янгийул” дар натиҷаи боришоти зиёд ва фаромадани сел 28-29 марти соли 2013 дучори зарари калон гашт. Бинобар набудани ягон бунгоҳи тиббӣ дар гирду атрофи деҳаи мазкур, сокинони “Янгийул” маҷбур мегаштанд то ба Беморхонаи марказии ноҳия, ки дар фосилаи хело дур аз деҳа љойгир буд, биёянд ва айни замон табибони маҳаллӣ беморонро дар хонаашон табобат мекарданд. Бо иҷрои бомуваффақи лоиҳа, бинои нави бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи “Янгийул” сохта шуда ҳоло дастрасии хизматрасонии тиббиро ба мардум зудтар ва осон гардонида аст.

Биноан Ҳукумати Ҷопон тасмим гирифтааст, ки дар оянда низ дар ҳамкорӣ бо мардуми Тоҷикистон баҳри бунёд сохтани ҷомеаи беҳтар кӯмаки хешро идома медиҳад.

Кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ (GGP) тарҳи Барномаи расмии Ҷопон оид ба рушд мебошад. Алалхусус, лоиҳаҳои кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ барои дастгирӣ намудани соҳаҳои мухталифи бахши аъзами аҳолӣ дар сартосари Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шуда ба ҳокимиятҳои маҳаллӣ, соҳаҳои маориф ва тандурустӣ, ҳамчунин ба созмонҳои ғайридавлатӣ расонида мешавад. Аз соли 1996 то инҷониб, кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ 346 лоиҳаро ба маблағи умумии $28 миллион доллари ИМА дар Тоҷикистон амалӣ намудааст.

spot_imgspot_img

Популярное