Оғози иштироки VISA дар низоми пардохти Тоҷикистон

Низоми байнулмилалии пардохти Visa International Service Association (VISA) ба иштирок дар низоми миллии ҳисоббаробаркуниҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз кард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Бонки милии Тоҷикистон, рӯзи 16 декабр лоиҳа оид ба иштироки ширкати VISA дар низоми миллии ҳисоббаробаркуниҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амал татбиқ гардид. Гуфта мешавад, Аз ин баъд тамоми амалиётҳои ҳисоббаробаркунӣ бо истифодаи […]

ASIA-Plus



Низоми байнулмилалии пардохти Visa International Service Association (VISA) ба иштирок дар низоми миллии ҳисоббаробаркуниҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Бонки милии Тоҷикистон, рӯзи 16 декабр лоиҳа оид ба иштироки ширкати VISA дар низоми миллии ҳисоббаробаркуниҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амал татбиқ гардид.

Гуфта мешавад, Аз ин баъд тамоми амалиётҳои ҳисоббаробаркунӣ бо истифодаи кортҳои пардохтии низоми пардохтии Visa International дар ҷумҳурӣ танҳо бо пули миллӣ – сомонӣ, яъне бе гузаронидани амалиёти иловагии мубодилаи асъор иҷро мегарданд.

Қайд мешавад, ки то ин замон ҳангоми истифодаи кортҳои пардохтии низоми байналмилалии Visa International ҳисоббаробаркунӣ дар муассисаҳои савдою хизматрасонӣ хориҷ намудани маблағ аз суратҳисоби кортии харидор бо мубодилаи асъор анҷом дода мешуд. Ҳол он, ки ҳисоббаробаркунӣ дар муассисаҳои савдою хизматрасонии кишвар бо пули миллӣ амалӣ мегардид. Баъди анҷом додани амалиёти мубодилаи асъор фарқияти назаррас байни маблағи ба таври нақд харидшуда ва маблағи бо истифодаи корти пардохтӣ иҷрогардида, ба амал меомад.

Бо мақсади ҳаллу фасли мушкилоти зикргардида Бонки миллии Тоҷикистон ҳанӯз моҳи сентябри соли ҷорӣ Созишномаи ҳамкорӣ оид ба иштироки ширкати байналхалқии Visa International Service Association дар низоми миллии ҳисоббаробаркуниҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба имзо расонида буд.

Аз ин рӯз сар карда, Бонки миллии Тоҷикистон ҳангоми анҷом додани хариду фурӯши мол ва хизматрасониҳо бо истифодаи кортҳои Visa International дар қаламрави ҷумҳурӣ нақши бонки ҳисоббаробаркуниро иҷро менамояд.

Қобили қайд аст, ки мавриди амал қарор гирифтани лоиҳаи мазкур барои зиёд гардидани ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, татбиқи воситаҳои муосири электронии пардохт, аз қабили кортҳои пардохтии бонкӣ, оммавӣ гаштани ин воситаи муосири пардохт дар байни аҳолии кишвар ва барои устувории низоми пардохти миллӣ мусоидат менамояд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.