Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 23 декабр ба муносибати солгарди Иди миллии Япония ба Императори ин кишвар Акихито барқияи табрикӣ ирсол намуд.
Қобили зикр аст, ки Ҷашни зодрӯзи Императори амалкунандаи Япония Акихито ҳамчун Иди миллӣ дар ин кишвар таҷлил мегардад. Император 23 декабри соли 1933 ба дунё омада, аз замони сари тахт нишастани ӯ, ин сана ҷашни давлатӣ маҳсуб меёбад.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмон таъкид мешавад: «Тоҷикистон мисли пешин хоҳони рушду нумӯи кишвари дӯсти Япония ва ҷонибдори таҳкими рӯзафзуни ҳамкориҳои васеъ бо кишвари Шумо мебошад. Мо омодаем дар оянда низ ҳамкории созанда ва ҳамаҷонибаро ба нафъи ду кишвари дӯст ва бародар тақвият бахшем».



