Дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон ва шаҳри Ваҳдат кормандони милиса далелҳои дуздии чорворо ошкор намуданд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, нимашаби рӯзи 23 декабр шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди оғилхонаи марди 50-солаи сокини ноҳияи Қубодиён гардида, аз он ҷо 20 сар чорвои хурди шохдорро, ки арзишашон 20 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Ба гумони даст доштан дар дуздии чорвои мазкур марди 38-солаи сокини ноҳияи Шаҳритуз дастгир карда шудааст.
Гуфта мешавад, худи ҳамон рӯз далели дуздии як сар чорвои калони шохдор, ки моҳи июни соли 2014 аз дохили оғилхонаи марди 29-солаи сокини шаҳри Ваҳдат дуздида шуда буд, ошкор гардидааст.
Муайян карда шудааст, ки чорвои мазкур, ки арзишаш 4 ҳазору 400 сомониро ташкил медиҳад, аз ҷониби ду сокини шаҳри Ваҳдат, мардони 30-сола ва 22-сола дуздидаву фурӯхта шуда, маблағи ба дастовардаашонро ба манфиати худ сарф намудаанд.
Зимнан зикр мегардад, ки нисбати далелҳои мазкур парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.



