Иштироки Тоҷикистон дар Бозиҳои VI «Кӯдакони Осиё»

Дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Баҳрулло Раҷабалиев омодагии варзишгарони навраси тоҷикро ба иштирок дар мусобиқаи Бозиҳои VI байнулмилалии варзишии «Кӯдакони Осиё» дар соли 2016 тасдиқ намуд. Ин мусобиқаҳо аз 6 то 16 июл дар Якутски Русия баргузор мешаванд. Қобили зикр аст, ки дар ин мусобиқаҳо бори нахуст намояндагони Тоҷикистон соли 2008 дар бозиҳои IV […]

Сайфиддин Қараев



Дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Баҳрулло Раҷабалиев омодагии варзишгарони навраси тоҷикро ба иштирок дар мусобиқаи Бозиҳои VI байнулмилалии варзишии «Кӯдакони Осиё» дар соли 2016 тасдиқ намуд. Ин мусобиқаҳо аз 6 то 16 июл дар Якутски Русия баргузор мешаванд.

Қобили зикр аст, ки дар ин мусобиқаҳо бори нахуст намояндагони Тоҷикистон соли 2008 дар бозиҳои IV ширкат варзида, он замон ҳайати даста ҳамагӣ аз ду нафар дзюдочиён иборат буд.

Дар бозиҳои V ҳайати Тоҷикистонро аллакай 12 нафар намояндагӣ карда, ба гирифтани 5 медали ин мусобиқаҳо (1 тилло ва 1 нуқра дар дзюдо, 2 биринҷӣ дар бокс ва 1 биринҷӣ дар самбо) шарафёб гардиданд. Шумори саҳеҳи ҳайати дастаи Тоҷикистон дар Бозиҳои VI алҳол маълум нест.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти Бозиҳо, айни замон 29 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Сурия, Эрон, Ироқ, Қирғизистон, Бангладеш ва дигар кишварҳо иштироки худ дар ин бозиҳоро тасдиқ кардаанд.

Барномаи Бозиҳо аз 21 навъи варзиш, аз ҷумла баскетбол, волейбол, футбол, бокс, гуштӣ, дзюдо, варзиши сабук, таэквондо, шоҳмот ва ғайра иборат аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро Амрико аз пазириши ҳамла ба мактаби Миноб “сар мепечад” ва паёмади он чист?

Коршинос мегӯянд, пазируфтани ин ҷиноят барои Амрико пардохти товону узрхоҳии расмиро талаб мекунад.

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер