ФАО аз идомаи поинравии нархҳо ба маводи ғизойӣ маълумот медиҳад

Нархҳо ба маҳсулоти асосии ғизойӣ аллакай муддати чор сол аст, ки пайдарҳам поин мераванд. Тавре аз хадамоти матбуоти Ташкилоти ғизо ва кишоварзиии СММ (ФАО) хабар доданд, ин ҳолатро коршиносон ба суст шудани суръати рушди иқтисодии глобалӣ ва ҳосили хуб ба даст овардан нисбат медиҳанд. «Истеҳсоли бузургмиқёс дар партави талаботи начандони зиёд дар ҷаҳон ва таҳкими […]

ASIA-Plus



Нархҳо ба маҳсулоти асосии ғизойӣ аллакай муддати чор сол аст, ки пайдарҳам поин мераванд.

Тавре аз хадамоти матбуоти Ташкилоти ғизо ва кишоварзиии СММ (ФАО) хабар доданд, ин ҳолатро коршиносон ба суст шудани суръати рушди иқтисодии глобалӣ ва ҳосили хуб ба даст овардан нисбат медиҳанд.

«Истеҳсоли бузургмиқёс дар партави талаботи начандони зиёд дар ҷаҳон ва таҳкими қурби доллар сабабҳои аслии нархҳои паст ба маводи ғизойӣ тӯли соли 2015 мебошанд», – гуфт сариқтисодчии ФАО Абдулризо Аббосиён.

Моҳи декабри соли гузашта нисбат ба моҳи пешин нархи зироати ғалладона – 1,3%, маҳсулоти ширӣ – 1% ва маҳсулоти гӯштӣ ба андозаи 2,2% поин рафта, аммо нархи қанду шакар нисбат ба моҳи гузашта дар моҳи декабр 0,6% боло рафтааст, ҳарчанд нисбат ба нишондиҳандаи соли гузашта 21% арзонтар аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Нерӯгоҳи “Роғун” ба таркиби калидиии шарикии нави Тоҷикистон ва БОР табдил меёбад

Муовини якуми сарвазири Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи БОР дар Самарқанд суханронӣ кард

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мунаввар Шоҳгадоев ва Дилшод Назаров то қатли Минҳоҷ Ғуломов

Сокинони деҳае дар Суғд мегӯянд, “паноҳҷӯёни афғонистонӣ аз маҳалла ғайб задаанд”

Гузориш аз макони будубоши муҳоҷирони афғонистонӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов пас аз боздошти як шаҳрванди Афғонистон бо иттиҳоми куштори як зан.

Танишҳо атрофи тангаи Ҳурмуз. Аз таҳдиди Трамп то ҳамла ба Имороту ҳушдори Сипоҳи посдорони Эрон ба нафткашҳои бандмонда

Вазъ дар ин оброҳа замоне печида шуд, ки Доналд Тармп гуфт, барои раҳо кардани киштиҳои бандмонда кӯмак мекунад.

Бо дастгирии ТИКА 10 зан дӯзандагиро омӯхтанд ва соҳиби мошини дӯзандагӣ шуданд

Ҳадафи лоиҳа ин аст, ки занон ба шахсони мустақил табдил ёфта, ба иқтисоди оилаи худ саҳм гузоранд.

Имсол низ ба ҳар як иштирокчии ҶБВ 50 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад

Ҳоло дар Тоҷикистон 8 иштирокчии ҶБВ боқӣ мондааст.

Дар Душанбе бори аввал мусобиқаи байналмилалии устодони ҷудои ҷаҳонӣ баргузор мешавад

Ин яке аз мусобиқаҳои пурнуфуз дар сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 81

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.