Даргузашти собиқ роҳбари Хадамоти гумрук

Собиқ роҳбари Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон, генерал-лейтенанти хадамоти гумрук Гурез Зарипов рӯзи 7 январ дар синни 69-солагӣ дар Душанбе аз олам даргузашт. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз хадамоти гумрук дар ин робита хабар дод, маросими ҷанозаи марҳум рӯзи 7 январ дар шаҳри Қӯрғонтеппа барпо шудааст. Гурез Зарипов аз моҳи январи соли 1992, замони […]



Собиқ роҳбари Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон, генерал-лейтенанти хадамоти гумрук Гурез Зарипов рӯзи 7 январ дар синни 69-солагӣ дар Душанбе аз олам даргузашт.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз хадамоти гумрук дар ин робита хабар дод, маросими ҷанозаи марҳум рӯзи 7 январ дар шаҳри Қӯрғонтеппа барпо шудааст.

Гурез Зарипов аз моҳи январи соли 1992, замони таъсисёбии хадамоти гумрук дар ин низом фаъолият дошт. Дар мансабҳои сардори Раёсати хадамоти гумруки вилояти Хатлон, мақомҳои роҳбарикунанда дар Кумитаи андоз ва Агенти назорати маводи нашъаовар ифои вазифа кардааст.

Моҳи декабри соли 2006 роҳбари Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон таъин шуда, охири соли 2013 ӯро дар ин вазифа писари президенти мамлакат Рустами Эмомалӣ иваз кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.