Баррасии масоили мубориза бо тероризм дар вохӯрии вазири корҳои дохилӣ бо сафири Туркия

Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Сафири навтаъиншудаи Фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Тоҷикистон ҷаноби Аҳмад Осим Арар вохӯрӣ доир намуд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон. зимни вохӯрӣ Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ҷаноби Аҳмад Осим Арарро ба муносибати Сафири Фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Тоҷикистон таъин шуданаш […]



Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Сафири навтаъиншудаи Фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Тоҷикистон ҷаноби Аҳмад Осим Арар вохӯрӣ доир намуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон. зимни вохӯрӣ Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ҷаноби Аҳмад Осим Арарро ба муносибати Сафири Фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Тоҷикистон таъин шуданаш табрик намуда, дар иҷрои вазифаҳои пурмасъул муваффақиятҳо таманно кард.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо оид ба масоили мубориза бар зидди ҷиноятҳои фаромиллӣ аз қабили терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир табодули афкор намуданд.

Зикр гардид, ки ҳамкориҳои васеъи дуҷониба дар доираи Созишнома оид ба ҳамкориҳои ҳуқуқӣ вобаста ба парвандаҳои шаҳрвандӣ, тиҷоратӣ ва ҷиноӣ аз 6-уми майи соли 1996 амалӣ карда мешаванд.

Ҳамкориҳои ду вазорат дар асоси Созишномаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия оид ба ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризми байналмилалӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва моддаҳои психотропӣ ва ҷиноятҳои муташаккил аз 7-уми ноябри соли 2011, рӯз аз рӯз тақвият ёфта истодаанд.

Сафири Фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Тоҷикистон ҷаноби Аҳмад Осим Арар изҳор дошт, ки робита ва ҳамкориҳо бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон зич ба роҳ монда шуда, дар самти пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳои фаромиллӣ дар ҳамбастагӣ ва якҷоягӣ мубориза бурда мешавад.  

Дар хотимаи мулоқот изҳори умедворӣ карда шуд, ки  ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самтҳои муҳим боз ҳам густариш хоҳанд ёфт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.