Омодагирии Тоҷикистон ба намоишгоҳи байнидавлатӣ бахшида ба 25-солагии ИДМ

Дар назди муовини Сарвазир Азим Иброҳим рӯзи 6 январи соли соли ҷорӣ ҷаласаи якуми Кумитаи тадорукот оид ба иштироки Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байнидавлатӣ бахшида ба 25-солагии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Тибқи нақша намоишгоҳи  мазкур рўзҳои 9-12 июни соли 2016 дар шаҳри  Москваи Федератсияи Россия доир мегардад. Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», муовини Сарвазир таъкид […]

АМИТ «Ховар»



Дар назди муовини Сарвазир Азим Иброҳим рӯзи 6 январи соли соли ҷорӣ ҷаласаи якуми Кумитаи тадорукот оид ба иштироки Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байнидавлатӣ бахшида ба 25-солагии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Тибқи нақша намоишгоҳи  мазкур рўзҳои 9-12 июни соли 2016 дар шаҳри  Москваи Федератсияи Россия доир мегардад.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», муовини Сарвазир таъкид доштааст, ки иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҷашн имконияти пешкаш намудани дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакатро ба  кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар иштирокчиёни Намоишгоҳи байнидавлатӣ фароҳам оварда, барои доираи васеи соҳибкорон ва молистеҳсолкунандагони кишвар имконияти хуби пайдо кардани шарикони нави тиҷоратӣ мебошад.

Аз ин лиҳоз, муовини Сарвазир ба аъзои Кумитаи тадорукот дастур дод, ки дар асоси омодагии воқеӣ, барои дар сатҳи муносиб муаррифӣ намудани кишварамон дар Намоишгоҳи байнидавлатӣ тамоми  имкониятҳоро самаранок истифода бурда,  илова бар  ин дар майдони  барои  намоишгоҳи кишварамон  пешбинишуда, якчанд макони  гузаронидани вохӯрию муколамаҳо  пурра омода карда шаванд ва барои соҳибкорон ва молистеҳсолкунандагони ватанӣ пешкаш карда шавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.