Дар рейтинги моҳи декабри ФИФА Тоҷикистон 5 зина поин рафт

Дар рейтинги Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА), ки санаи 7 январ ба нашр расид, мунтахаби футболи Тоҷикистон боз 5 мавқеъро аз даст дода, то зинаи 148-ум (рейтинги пешина – зинаи 143-юм) поин рафт. Миёни кишварҳои минтақа Ӯзбекистон зинаи 73-юм, Қирғизистон – 107-ум, Туркманистон – 117-ум ва Қазоқистон мақоми 132-юмро касб кардаанд. Дар рейтинг тими Белгия […]



Дар рейтинги Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА), ки санаи 7 январ ба нашр расид, мунтахаби футболи Тоҷикистон боз 5 мавқеъро аз даст дода, то зинаи 148-ум (рейтинги пешина – зинаи 143-юм) поин рафт.

Миёни кишварҳои минтақа Ӯзбекистон зинаи 73-юм, Қирғизистон – 107-ум, Туркманистон – 117-ум ва Қазоқистон мақоми 132-юмро касб кардаанд.

Дар рейтинг тими Белгия пешсаф буда, зинаҳои баъдиро Аргентина ва Испания ишғол намудаанд. Ба даҳгонаи дастаҳои беҳтарини футболи ҷаҳон ҳамчунин тимҳои миллии Олмон, Чили, Бразилия, Португалия, Колумбия, Англия ва Австрия низ шомиланд.

Рейтинги ФИФА аз соли 1993-юм ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаби миллиашон дар давраи чаҳор сол дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи ФИФА ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013-ум мебошад. Натиҷаи пасттарин соли 2002 бо касби зинаи 168-ум ба қайд гирифта шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.