Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Анонс – Соати 09-10 ҳавопаймои Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия бо кумаки башардӯстона ба аҳолии аз заминларза осебдидаи ВМКБ ба Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе фуруд меояд; – Раҳбарияти Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон ба журналистон дар бораи натиҷаҳои фаъолият дар соли 2015 маълумот медиҳад. Оғоз соати 09-00 дар Маркази матбуоти […]

ASIA-Plus



Анонс



– Соати 09-10 ҳавопаймои Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия бо кумаки башардӯстона ба аҳолии аз заминларза осебдидаи ВМКБ ба Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе фуруд меояд;

– Раҳбарияти Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон ба журналистон дар бораи натиҷаҳои фаъолият дар соли 2015 маълумот медиҳад. Оғоз соати 09-00 дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ (бинои МТС);

– Дар Саридораи геологияи назди ҳукумати Тоҷикистон бо журналистон вохӯрӣ гузаронида мешавад. Оғоз соати 09-00.



Қ


урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА – 

7.2894

сомонӣ;


1

евро –

7.9454

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.10


40



сомонӣ.  



Як р


ӯ


зи таърих




1722

— Дар Русия бо фармони Пётри I прокуратура таъсис дода шуд.


1755

— Дар Русия Донишгоҳи аввалини Маскав таъсис дода шуд.


1937

— Дар дарёи Варзоб аввалин нерӯгоҳи барқи обӣ ба истифода дода шуд.


1989

— Оғози охирин маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ дар ИҶШС, ки аз рӯйи натоиҷи он шумори аҳолии кишвар 286,7 млн. нафарро ташкил дод.


1992

— Аз махзани Пажуҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва этнографияи ба номи А.Дониши Академияи илмҳои ҶТ 185 адад маснӯот аз нуқра, биринҷӣ ва устухони фил ба маблағи умумии 4,6 млн. доллари ИМА дуздида шуданд.


2009

— Даргузашти яке аз муассисони Ҳизби демокарти Тоҷикистон Ҷумъабой Ниёзов.


2010

— Дар Тоҷикистон Иттифоқи нашриёти мустақил таъсис дода шуд.


2012

— Дар Маскав ба журналисти мухолиф Додоҷон Атовуллоев ҳамла сурат гирифт.


1947

— Зодрӯзи Бобохонов Бобоҷон, собиқ Прокурори генералии Тоҷикистон, аз соли 2010 дар нафақа аст.



Вазъи обуҳаво


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +1+6, рӯзона +8+13, дар доманакӯҳҳо шабона -3-8, рӯзона -1+4.


Дар вилояти Хатлон

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, баъзан туман мефарояд.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +2+7, рӯзона +10+15, дар доманакӯҳҳо шабона 0-5, рӯзона +4+9.


Дар Вилояти Мухтори К


ӯ


ҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.  

Ҳарорат: дар ғарб шабона -3-8, рӯзона 0+5; дар шарқ шабона -17-22, рӯзона -6-11.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, баъзан туман мефарояд.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +1+6, рӯзона +10+15, дар доманакӯҳҳо шабона 0-5, рӯзона -2+3. 


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад, баъзан боришоти шадид.

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +5+7.


Дар шаҳри Қ


ӯ


рғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.     

Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +10+12.


Дар шаҳри Ху


ҷ


анд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +10+12.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона -7-9, рӯзона +1+3.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Марги як нафар ва ҷароҳати ду тани дигар аз раъду барқ дар Турсунзода. Мақомот паёмадҳои селҳои рӯзи гузаштаро эълон карданд

Рӯзи гузашта дар пайи борони шадид дар чанд минтақаи кишвар сел омада, хонаву замини кишт, роҳу сохтмонҳои гуногун зери об мондаанд.

“Арванд” беҳтарин бонк дар пешниҳоди хидматрасониҳои ғайрибонкӣ ба бонувони соҳибкор эътироф шуд

Бонк дар озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин ташкилоти қарзӣ оид ба пешниҳоди хизматрасониҳои ғайрибонкӣ ба бонувони соҳибкор” сазовори ҷои аввал дониста шуд.

Диди нав ба мавзӯи куҳан. Китоби нави “Бозиҳои қисмат”-и Холиқназар Ҷумъазода аз чиҳо қисса мекунад?

Бар хилофи навиштаҳои қаблии ҳаҷвияш, ин китоб бо муҳтавои ҷиддӣ ва моҷароӣ омода шудааст.

Дар Осиёи Марказӣ дар куҷо гӯшт аз ҳама гаронтару дар куҷо арзонтар аст?

Дар Тоҷикистон нархи 1 кг гӯшт ба ҳисоби миёна 10-11 долларро ташкил медиҳад.

Ифшои ҷиноят баъди 26 сол. Пулиси Душанбе аз боздошти се тан бо гумони дуздии як кирокаш хабар дод

Гумонбарон кирокашро гаравгон гирифта, барои раҳоияш 4 ҳазор доллар талаб кардаанд.

Дастрасӣ ба иттилоъ ва амнияти рӯзноманигорон. Дар конфронси Рӯзи озодии матбуот дар Душанбе чиҳо баррасӣ мешаванд?

Яке аз бахшҳои дигари конфронс ба таъсири ҳушвора (AI) ба журналистика бахшида шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 80

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Такрори пирӯзии соли пеш: Се медали тиллои ҷудокорони тоҷик дар Grand Slam-и Душанбе

Дар мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Душанбе мунтахаби Тоҷикистон ба дастоварди ноил шуд.