Дастури муовини нахуствазир оид ба низоми ҷамъоварии маблағи об

Дар Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини сарвазир Азим Иброҳим оид ба беҳтаргардонии вазъи молиявию иқтисодии агентӣ ва дарёфти роҳҳои пардохт намудани қарзи он дар назди ШСХК «Барқи Тоҷик», ҷаласаи корӣ баргузор гардид. Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», дар ҷаласа таъкид шудааст, ки дар соли равон тавассути пойгоҳҳои обкашӣ […]

АМИТ «Ховар»



Дар Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини сарвазир Азим Иброҳим оид ба беҳтаргардонии вазъи молиявию иқтисодии агентӣ ва дарёфти роҳҳои пардохт намудани қарзи он дар назди ШСХК «Барқи Тоҷик», ҷаласаи корӣ баргузор гардид.


Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», дар ҷаласа таъкид шудааст, ки дар соли равон тавассути пойгоҳҳои обкашӣ 4,2 млрд. м3 об, барои обёрии заминҳои обӣ интиқол дода шуда, маблағи оби интиқолгардида 71,2 миллион сомониро ташкил намуд. Аз он танҳо 42,3 миллион сомонӣ ҷамъоварӣ шудааст. Арзиши барқи истифодагардида дар пойгоҳҳои обкашӣ баробар ба 28,2 млн. сомонӣ буда, ҳаҷми пардохтшудаи маблағи он ҳамагӣ 3,0 млн сомонӣ ё ин ки 11%-ро ташкил мекунад.


Аз 536,2 ҳазор га замини обёришаванда дар соли 2015, 280 ҳазор га замин тавассути пойгоҳҳои обкашӣ обёрӣ гардид. Таъмини об ба хоҷагиҳои кишоварзӣ дар асоси шартнома бо 5988 хоҷагии деҳқонӣ аз ҷониби 409 Ассостиатсияи истифодабарандагони об дар ноҳияву ҷамоатҳо ба роҳ монда шудааст.


Муовини сарвазир таъкид намуд, ки дар давоми ду соли охир қарзи агентӣ дар назди ШСХК «Барқи Тоҷик» ба 49,6 миллион сомонӣ баробар гардидааст. Ин дар ҳолест, ки соли гузашта бо мақсади беҳтар гардонидани вазъи молиявию иқтисодии агентӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоббаробаркунии байни ду субъектро ба маблағи 242,9 миллион сомонӣ иҷозат дода, онро аз эътибор соқит кардааст. Қарзи нави агентӣ дар ҳоле ба вуҷуд омада истодааст, ки арзиши 1кВт неруи барқ барои пойгоҳҳои обкашӣ бо тарофаҳои имтиёзнок ҳисобӣ мешавад. Ин амал танҳо бо мақсади дастгирии кишоварзони ҷумҳурӣ барои таъмин кардани талаботи бозори дохилӣ бо маҳсулоти кишоварзии ватанӣ пеш гирифта шудааст. Вобаста ба ин муовини сарвазир дастур дод, ки агентӣ фаъолиятро дар самти пурра таъмин намудани занҷираи қабул, интиқол, ва ҷамъоварии маблағи об бо назардошти арзиши неруи барқ ба низом дароварда, новобаста аз хусусияти ҷамъиятӣ доштани ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об бо онҳо ҳамкориро тавассути корҳои фаҳмондадиҳӣ дуруст ба рох монад ва дар ҳолати иҷро нагардидани уҳдадориҳояшон агентӣ вазифадор аст, ки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиро низ барои ҳамкорӣ ҷалб намояд.


Ҳамчунин муовини сарвазир таъкид намуд, ки таркиби занҷири арзиши барқу об аз хизматрасониҳои ШСХК «Барқи Тоҷик», Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ва ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об иборат буда, мутаносибан пардохти ҳаққи хизматрасониҳо бояд баъд аз ҷамъоварию фурӯши маҳсулот таъмин шавад. Бо сабаби набудани баҳисобгирии дуруст байни Агентии беҳдошти замин ва ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об саҳеҳ муайян кардани ҳаҷми оби интиқолшуда шубҳанок аст, зеро ҳисобҳо имрўз на аз рўи нишондоди таҷҳизоти ҳисоби ҳаҷми об, балки аз рўи меъёри муқарраршуда барои зироат, тахминӣ гирифта мешаванд, ки мутаассифона, дақиқ нест.


Ба андешаи Азим Иброҳим сохторҳои хизматрасон маълумоти дурустро оид ба ҳаҷми ҳосили рӯёндашуда ва фурӯши маҳсулот дар бозор надоранд. Пас чӣ тавр онҳо метавонанд ҳаққи пардохти барқу обро таъмин намоянд? Бо назардошти ин, муовини сарвазир дастур дод, ки пеш аз ҳама, ба ҳамин масъалаҳо бояд равшанӣ андохт ва баъдан оид ба ҷамъоварии ҳаққи обу барқ чораандешӣ имконпазир мегардад.


Дар баробари ин аз масъулин талаб карда шуд, ки барои ҳал намудани мушкилоти соҳа силсилавохўриҳои кориро дар минтақаҳо мустақим бо намояндагони ШСХК «Барқи Тоҷик», Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об ва намояндагони макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ба роҳ монанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Марги як нафар ва ҷароҳати ду тани дигар аз раъду барқ дар Турсунзода. Мақомот паёмадҳои селҳои рӯзи гузаштаро эълон карданд

Рӯзи гузашта дар пайи борони шадид дар чанд минтақаи кишвар сел омада, хонаву замини кишт, роҳу сохтмонҳои гуногун зери об мондаанд.

“Арванд” беҳтарин бонк дар пешниҳоди хидматрасониҳои ғайрибонкӣ ба бонувони соҳибкор эътироф шуд

Бонк дар озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин ташкилоти қарзӣ оид ба пешниҳоди хизматрасониҳои ғайрибонкӣ ба бонувони соҳибкор” сазовори ҷои аввал дониста шуд.

Диди нав ба мавзӯи куҳан. Китоби нави “Бозиҳои қисмат”-и Холиқназар Ҷумъазода аз чиҳо қисса мекунад?

Бар хилофи навиштаҳои қаблии ҳаҷвияш, ин китоб бо муҳтавои ҷиддӣ ва моҷароӣ омода шудааст.

Дар Осиёи Марказӣ дар куҷо гӯшт аз ҳама гаронтару дар куҷо арзонтар аст?

Дар Тоҷикистон нархи 1 кг гӯшт ба ҳисоби миёна 10-11 долларро ташкил медиҳад.

Ифшои ҷиноят баъди 26 сол. Пулиси Душанбе аз боздошти се тан бо гумони дуздии як кирокаш хабар дод

Гумонбарон кирокашро гаравгон гирифта, барои раҳоияш 4 ҳазор доллар талаб кардаанд.

Дастрасӣ ба иттилоъ ва амнияти рӯзноманигорон. Дар конфронси Рӯзи озодии матбуот дар Душанбе чиҳо баррасӣ мешаванд?

Яке аз бахшҳои дигари конфронс ба таъсири ҳушвора (AI) ба журналистика бахшида шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 80

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Такрори пирӯзии соли пеш: Се медали тиллои ҷудокорони тоҷик дар Grand Slam-и Душанбе

Дар мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Душанбе мунтахаби Тоҷикистон ба дастоварди ноил шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 4 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Зиёдулло Шаҳидӣ то даргузашти Саъдулло Раҳимов ва Рӯзи байналмилалии оташнишонҳо