Парлумони Эрон рӯзи сешанбеи ҳамин ҳафта Созишнома дар бораи ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар бахши мудофиа ва амниятро тасдиқ кард. Дар ин бораи хабаргузории эронии «Меҳр» иттилоъ медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, Созишномаи ҳамкорӣ миёни ҳукуматҳои кишварҳо аз муқаддима ва ба сифати замима аз 11 модда иборат аст, ки ба табодули далелҳо миёни ҷонибҳо имкон медиҳад. Ин санад боз бояд аз ҷониби президенти ин кишвар ба имзо расад.


