Суди шаҳри Душанбе баррасии парванда нисбати собиқ муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон, генерали мустаъфӣ Абдулло Ҳабибовро, ки Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ӯро ба худсарона азхуд намудани қитъаи замин барои сохтмони масҷид дар минтақаи автовокзали пойтахт айбдор намуда буд, қатъ кард.
Дар тафтишоти пешакӣ КДАМ зикр карда буд, ки мақомоти шаҳрдории Душанбе барои соххтмони масҷиди намози панҷгона 1500 метри мураббаъ қитъаи замин ҷудо карда, Ҳабибов илова бар ин худсарона боз 135 метри дигарро низ барои истифода гирифтааст.
Дар қарори суди шаҳри Душанбе бо имзои судя А.Абдуғанизода гуфта мешавад, ин амали содиршуда дар соли 2013 ба ҷиноятҳои сатҳи миёна мансуб буда, аз ин рӯ, нисбат ба он қонун дар бораи афв татбиқ гардидааст.
«Истеҳсолоти минбаъда оид ба парванаи ҷиноӣ нисбати Ҳабибов Абдулло бар асоси моддаи 6, қ. 3-и қонуни ҶТ «Дар бораи афв» қатъ гардида, дар ин робита Ҳабибов аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод карда мешавад», – қайд мешавад дар қарори суд.
Дар ҳамин ҳол, худи Ҳабибов иншооти мазкурро ба ихтиёри мақомоти шаҳрдорӣ супурданӣ будааст, вале онҳо онро қабул накардаанд, зеро иншоот нотамом аст.
Ба гуфтаи собиқ муовини вазири мудофиа, онҳо интизори қарори сохторҳои дахлдоранд, то ки сохтмони масҷидро ба итмом расонанд. «Агар иҷозат шавад, мо сохтмони масҷидро ба анҷом мерасонем, чунки аҳолӣ талабгори ба итмом расонидани он аст», – гуфт Ҳабибов.


