Ашт: Зан куштори ҳамсарашро фармоиш додааст

Date:



Кормандони милитсия рӯзи 17 январ ба гумони даст доштан дар куштор зани 28-солаи сокини ноҳияи Ашт ва ҳамдеҳаи ӯ марди 47-соларо, ки қаблан бо моддаҳои 108 (таҳрири соли 1961) ва 244 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳкум шудааст, боздошт намуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, тафтишот муайян кардааст, ки онҳо бо маслиҳати пешакӣ шавҳари зан, марди 32-солаи сокини ҳамин ноҳияро моҳи августи соли гузашта дар ҳавлии истиқоматиаш бо роҳи фиреб барои таъмир намудани насоси обкашӣ ба дохили чоҳи чуқуриаш 4 метр дароварда, бо санг якчанд маротиба задаанд.

Гуфта мешавад, дар натиҷа марди ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Сипас гумонбаршудагон ҷасади мардро ба автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс-190” бор карда, ба ҳудуди заминҳои саҳроӣ мебаранд ва ба болои ҷасад сӯзишвории дизелиро пошида, оташ задаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар вақти ташхиси криминалистӣ қисми боқимондаи ҷасади марҳум дарёфт карда шудааст. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...