Ӯзбекистон транзит тариқи роҳи оҳанро барои Тоҷикистон осонтар кард

Ширкатҳои роҳи оҳани Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба тахфифҳои тарифӣ ба транзити бору мусофирон тариқи қитъаҳои роҳи оҳани Ӯзбекистон тавофуқ ҳсоил карданд. Дар ин бора хадамоти матбуоти Вазорати нақлиёти Ӯзбекистон хабар медиҳад. Тибқи созишҳои ҳосилшуда, ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзбекистон темир Йӯллари» барои ҳамлу нақли транзитии маҳсулоти нафтӣ, алюминий ва гилхок тариқи қитъаи роҳи оҳани Қарақалпоқистон – Қудуқли […]

Пайрав Чоршанбиев



Ширкатҳои роҳи оҳани Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба тахфифҳои тарифӣ ба транзити бору мусофирон тариқи қитъаҳои роҳи оҳани Ӯзбекистон тавофуқ ҳсоил карданд. Дар ин бора хадамоти матбуоти Вазорати нақлиёти Ӯзбекистон хабар медиҳад.

Тибқи созишҳои ҳосилшуда, ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзбекистон темир Йӯллари» барои ҳамлу нақли транзитии маҳсулоти нафтӣ, алюминий ва гилхок тариқи қитъаи роҳи оҳани Қарақалпоқистон – Қудуқли ва Келес – Қудуқли соли 2016 ба КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» дар ҳаҷми 15% тахфиф (камкунии нарх) ҷорӣ мекунад. Ба ҳамлу нақли дигар бору маҳсулот то ахири сол тарифҳо ба андозаи 10% поин бурда шудаанд.

«Ҳамчунин барои кашонидани бору маҳсулоти гуногун аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон низ як қатор тахфифҳои дигар пешбинӣ шудаанд», – гуфта мешавад дар хабар.

Дар ҳамин ҳол, таъкид мекунанд дар Вазорати нақлиёти кишвари ҳамсоя, нишондиҳандаҳо (коэффитсиентҳо)-е, ки тарифҳоро боло мебурданду то ҳол дар қитъаи роҳи оҳани Болдир – Қудуқли мавриди амал қарор доштанд, бекор карда шудаанд.

«Соли 2016 барои ҳамлу нақли мусофирон тавассути ҳамаи хатсайрҳо тахфифҳо дар ҳаҷми 15% пешниҳод шудаанд», – иттилоъ медиҳад Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва қайд мекунад, ки иқдоми мазкур дар муносибатҳо миёни идораҳои роҳи оҳани ду кишвар бори нахуст ба мушоҳида мерасад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар Суғд раиси як хоҷагӣ ду ҳамдеҳаашро бо милтиқ парондааст

Ҳарду сокини тирхурда ҷон бохтаанд ва ҷанозаи онҳоро имрӯз ба хок супоридаанд.

Идомаи достони наҷоти духтар аз сӯйи як мактабхон. Раҳматулло қадрдонӣ шуд ва ваъдаи таҳсили ройгон гирифт

Модари ин навраси тоҷик мегӯяд, ифтихор дорад ки чунин фарзанди ҷасуру боирода тарбия кардаву ба воя расонидааст.

Шералӣ Кабир: Имрӯз “Азия-Плюс” садои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оинаи даврон аст!

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон “Азия-Плюс”-ро бо солгардаш табрик гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 76

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 апрели соли 2026

Аз қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистон то зодрӯзи Қиёмиддин Чақалзодаву Дилшод Раҳимӣ ва Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи меҳнат