Кумаки Туркия ба осебдидагон аз заминларза дар ВМКБ

Ҷумҳурии Туркия ба осебдидагон аз офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон кумаки башардӯстона фиристод. Тавре ба «Азия-Плюс» аз сафорати Туркия дар Душанбе иттилоъ доданд, кумак дар посух ба дархости Тоҷикистон ҷиҳати ёрӣ ба осебдидагон аз заминларзаи моҳи декабр дар ВМКБ ирсол мегардад. Ба иттилои манбаъ, беш аз 80 тонна кумаки башардӯстонаи иборат аз маҳсулоти ғизойӣ, маводи санитарӣ […]



Ҷумҳурии Туркия ба осебдидагон аз офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон кумаки башардӯстона фиристод.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз сафорати Туркия дар Душанбе иттилоъ доданд, кумак дар посух ба дархости Тоҷикистон ҷиҳати ёрӣ ба осебдидагон аз заминларзаи моҳи декабр дар ВМКБ ирсол мегардад.

Ба иттилои манбаъ, беш аз 80 тонна кумаки башардӯстонаи иборат аз маҳсулоти ғизойӣ, маводи санитарӣ ва кӯрпаву кампалҳо барои 500 оилаи муқими минтақаи офат аз ҷониби намояндагони сафорати Туркия дар Душанбе ва Агентии ҳамкории байнулмилалӣ ва рушди Туркия (ТИКА) ба ихтиёри кормандони Агентии давлатии захираҳои моддии назди ҳукумати Тоҷикистон супурда шудааст.

«Дар чунин вазъҳои душвор Туркия ҳамроҳи мардуми Тоҷикистон хоҳад буд», – таъкид мешавад дар маълумоти сафорати Туркия.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.