ВКД: Мусодираи беш аз 300 кило маводи мухаддир аз оғози сол

Кормандони мақомоти корҳои дохилии ҷумҳурӣ аз оғози соли равон беш аз 300 кило маводи мухаддирро аз муомилоти ғайриқонунӣ мусодира карданд. Зимни вохӯрии имрӯза бо журналистон вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимзода дар ин робита изҳор намуд, ки соли гузашта дар қаламрави Тоҷикистон аз ҷониби тамоми сохторҳои қудратии кишвар 4 тоннаву 676 кило маводи мухаддир аз […]



Кормандони мақомоти корҳои дохилии ҷумҳурӣ аз оғози соли равон беш аз 300 кило маводи мухаддирро аз муомилоти ғайриқонунӣ мусодира карданд.

Зимни вохӯрии имрӯза бо журналистон вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимзода дар ин робита изҳор намуд, ки соли гузашта дар қаламрави Тоҷикистон аз ҷониби тамоми сохторҳои қудратии кишвар 4 тоннаву 676 кило маводи мухаддир аз муомилоти ғайриқонунӣ мусодира шуда, 2 тонна аз ин ҳаҷм ба ҳиссаи кормандони ВКД рост меояд.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, давоми рӯзҳои истироҳати ҳафтаи сипаришуда дар ҷумҳурӣ зиёда аз 30 кило маводи мухаддир дарёфт ва мусодира шудааст.

Гуфта мешавад, дар ноҳияи Ҷиргатол рӯзи 23 январ аз сокини маҳаллӣ ва меҳмони ӯ аз Қирғизистон беш аз 17 кило маводи мухаддири ҳашиш дарёфт ва мусодира шудааст.

Ҳамчунин рӯзи 24 январ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои ғайриқонунӣ нигоҳ доштани 13 кило ҳашиш шаҳрванди Қирғизистон ва се нафар сокинони ноҳияи Шуғнон боздошт шудаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.