КДАМ овозаи фирори ҷангиёни «Алфа»-ро рад кард

Маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ)-и Тоҷикистон овозаҳои мухталифро дар хусуси гӯё фирори як гурӯҳ кормандони Воҳиди махсуси зиддитеррористии «Алфа»-и КДАМ ҶТ дар ВМКБ аз ҷойи хизмат қатъиян рад менамояд. Бино ба иттилои АМИТ «Ховар» бо такя ба маркази робитаҳои ҷамъиятии КДАМ ҶТ,  кӯшиши мазкур аз тарафи гурӯҳҳои манфиатдори дохиливу хориҷӣ роҳандозӣ карда […]



Маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ)-и Тоҷикистон овозаҳои мухталифро дар хусуси гӯё фирори як гурӯҳ кормандони Воҳиди махсуси зиддитеррористии «Алфа»-и КДАМ ҶТ дар ВМКБ аз ҷойи хизмат қатъиян рад менамояд.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар» бо такя ба маркази робитаҳои ҷамъиятии КДАМ ҶТ,  кӯшиши мазкур аз тарафи гурӯҳҳои манфиатдори дохиливу хориҷӣ роҳандозӣ карда шуда, барои гумроҳсозии ҷомеа ва ташаннуҷи сулҳу субот дар мамлакат равона гардидааст.

Дар маълумоти расмии КДАМ ҶТ зикр мегардад, ки ҳоло тамоми ниҳодҳои зертобеи КДАМ ҶТ дар ҳолати муқаррарӣ ва бо назардошти риояи қатъии уҳдадориҳои хизматӣ фаъолияти касбии хешро идома дода  истодаанд. «Бинобар ин, аз кулли шаҳрвандони кишвар хоҳиш карда мешавад, ки ба ҳар гуна овозаҳои бардурӯғ ва беасос бовар накунанд», – қайд мешавад дар маълумот.

Ёдрас мекунем, ки аз охири ҳафтаи гузашта овоза шуда буд, ки шаби 21 ба 22 январ як гурӯҳи иборат аз 11-12 нафар ҷангиёни Воҳиди махсуси зиддитеррористии «Алфа»-и КДАМ ҶТ, ки ба ВМКБ фиристода шуда буданд, аз ҷойи хизмат гурехтаанд. Зикр мегардид, ки ҷангиёни «Алфа» пурра бо аслиҳаи ҷангӣ макони будубошро тарк кардаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.