Анқара тоҷики ҷанганда дар сафҳои ДИ-ро ба Тоҷикистон дод

Хадамоти махсуси Туркия тоҷикистонии навбатӣ, ки дар сафҳои ҷангиёни созмони террористии Давлати исломӣ (ДИ) дар Ироқ меҷангид, ба ихтиёри Тоҷикистон супурд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, сокини ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон Рамазон Бозоровро хадамоти махсуси Туркия моҳи декабри соли гузашта зимни бозгашт аз Ироқ ба Туркия […]



Хадамоти махсуси Туркия тоҷикистонии навбатӣ, ки дар сафҳои ҷангиёни созмони террористии Давлати исломӣ (ДИ) дар Ироқ меҷангид, ба ихтиёри Тоҷикистон супурд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, сокини ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон Рамазон Бозоровро хадамоти махсуси Туркия моҳи декабри соли гузашта зимни бозгашт аз Ироқ ба Туркия боздошт намуданд.

Бино ба маълумоти хадамоти махсуси Тоҷикистон, Рамазон Бозоров то моҳи майи соли гузашта ҳамчун муҳоҷир дар Русия кор мекард ва сипас аз он ҷо ба Ироқ рафта, ба сафи ҷангиёни ДИ пайвастааст. Ахири соли гузашта Р.Бозоров аз Туркия ба Душанбе оварда шуда, нисбати ӯ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст.

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода зимни вохӯрии рӯзи 25 январ бо рӯзноманигорон ба сатҳи ҳамкории Туркия ва Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризм баҳои баланд дод.

Ба гуфтаи вазир, танҳо давоми соли 2015 Туркия ҳудуди 100 нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки ҷиҳати пайвастан ба сафҳои ҷангиёни Давлати исломӣ тариқи қаламрави Туркия ба Ироқ ё Сурия рафтанӣ буданд, ба ихтиёри мақомоти Тоҷикистон супурдааст.

Рамазон Раҳимзода изҳор дошт, ки тибқи маълумоти ахир, имрӯз 992 нафар тоҷикистониён дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ ҳузур дошта, аз шумори ҷангандагон дар сафҳои Давлати исломӣ 156 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон боздошт, 61 нафар ихтиёрӣ аз Ироқ ва Сурия баргаштанд ва 147 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон барои Давлати исломӣ дар ғарибӣ ҳалок шуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.