Соли гузашта шумори шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия қариб 14% кам шуд

Тӯли соли гузашта шумори шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия қариб 14% кам шуд. Бино ба маълумоти   Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия, ба ҳолати нимаи соли гузашта беш аз 862,3 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия қарор доштанд ва ин ҳам дар ҳолест, ки аввали соли 2015 дар қаламрави ин кишвар беш аз 999,1 ҳазор шаҳрвандони […]



Тӯли соли гузашта шумори шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия қариб 14% кам шуд.

Бино ба

маълумоти

  Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия, ба ҳолати нимаи соли гузашта беш аз 862,3 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия қарор доштанд ва ин ҳам дар ҳолест, ки аввали соли 2015 дар қаламрави ин кишвар беш аз 999,1 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур доштанд.

Шумори мардон – шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия тайи соли ахир ҳамагӣ ба миқдори 14,3% (аз 817 ҳазор дар аввали соли 2015 то ба 700 ҳазор дар аввали соли 2016) ва занон – шаҳрвандони Тоҷикистон ба миқдори 11,5% (аз 182 ҳазор то ба 161 ҳазор) кам шудааст.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ, соли гузашта 552 ҳазору 596 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки 64 ҳазору 667 нафарашон занон мебошанд, кишварро ба хотири муҳоҷирати корӣ тарк кардаанд. Чун пештара аксари муҳоҷирони кории тоҷик Русия (541 ҳазор)-ро барои муҳоҷират интихоб карда, қисмате ба ин хотир ба Қазоқистон (11 ҳазор) низ сафар мекунанд.

Ба иттилои манбаъ, соли гузашта ҳудуди 389 ҳазор нафар, ки 40,6 ҳазор нафарашонро занон ташкил медиҳанд, аз муҳоҷирати корӣ ба Тоҷикистон баргаштаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.