Ҷойивазкунии кадрҳои дипломатии Тоҷикистон

Бо фармони президенти Тоҷикистон имрӯз дар ҳайати ҳукумати Тоҷикистон ва роҳбарияти чанде аз мақомоти ҳокимияти давлатӣ тағйироти кадрӣ сурат гирифт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Қосимов Эркин Садриддинович бо сабаби расидан ба синни нафақа аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ озод карда шуд. Эркинхон Раҳматуллозода, ки то […]



Бо фармони президенти Тоҷикистон имрӯз дар ҳайати ҳукумати Тоҷикистон ва роҳбарияти чанде аз мақомоти ҳокимияти давлатӣ тағйироти кадрӣ сурат гирифт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Қосимов Эркин Садриддинович бо сабаби расидан ба синни нафақа аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ озод карда шуд.

Эркинхон Раҳматуллозода, ки то ин вақт ёрдамчии Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ буд, сафири Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия, намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди Иттиҳоди Аврупо ва Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) таъин гардида, Солиев Рустамҷон Абдуллоевич аз ин вазифа озод гардид.

Шарифӣ Аъзамшо Латифзод аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Мамлакати Арабистони Саудӣ озод ва ба вазифаи ёрдамчии Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ таъин карда шуд.

Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеролии Олмон Неъматов Маликшо Маҳмадшоевич ҳамзамон сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Полша таъин гардид.

Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мисри Араб Нозирӣ Хусрав ҳамзамон сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Демократии Эфиопия таъин карда шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.