Муовини сарвазир Марҳабо Ҷабборӣ ба нафақа гусел шуд

Марҳабо Ҷабборӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби расидан ба синни нафақа аз вазифаи муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуд. Қобили зикр аст, ки ӯ 23 ноябри соли 2013 ба ин вазифа таъин шуда буд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо фармонҳои дигари президент Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло Ёрдамчии Президенти Тоҷикистон оид […]



Марҳабо Ҷабборӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби расидан ба синни нафақа аз вазифаи муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуд. Қобили зикр аст, ки ӯ 23 ноябри соли 2013 ба ин вазифа таъин шуда буд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо фармонҳои дигари президент Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло Ёрдамчии Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ-намояндаи комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Ғайр аз ин, Хидирзода Махфират Умар аз вазифаи раиси Кумитаи кор бо занон ва оила озод ва дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини раиси вилояти Хатлон таъин гардид. Шерзода Ситора Маннон бо сабаби расидан ба синни нафақа аз вазифаи муовини раиси вилояти Хатлон озод гардид.

Бо қарорҳои ҳукумати ҷумҳурӣ, Қосимзода Идигул Тағо аз вазифаи ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон озод ва раиси Кумитаи кор бо занон ва оила таъин карда шуд. Ба вазифаи ректори Донишкадаи Давлатии Забонҳои Тоҷикистон Раҷабзода Маҳмадулло таъин гардид.

Ҳамчунин дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номзадии Кабиров Мизроб Саидович ба вазифаи роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.